Дар қасри фарҳанги ноҳия даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар ин озмун алоқамандон ва дӯстдорони шеъру сухан ва тарона иштирок намуданд.
Тибқи шартҳои муқарраршуда дар озмун иштирокчиён аз рӯйи маҳорати шоирӣ, навозандагӣ, композиторӣ ва ровигӣ мусобиқа намуда, дар асоси холгузорӣ ғолибон муайян карда шуданд.
Ғолибони ин давр роҳхат ба даври вилоятии озмунро ба даст оварданд.