Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҷамъбасти солонаи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия Файзуллозода Зафар баргузор гардид.
Доир ба соҳаҳои дахлдор муовинони раиси ноҳия баромад карда, даствардҳо ва мушкилоти соли сипаришударо барраси намуданд.
Раиси ноҳия дар робита ба масъалаҳое, ки ҷиҳати ҳалли онҳо имконият мавҷуд буд, вале масъулин дар самти ҳалли онҳо кӯшишу талоши зарурӣ анҷом надоданд, эронҳои худро баён намуда, ба роҳбароин ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъулин ҷиҳати фаъолияти самаранок дар соли нав дастуру супоришҳо дода шуд.