ОМОДАБОШИИ СИТОДИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА БА МАВСИМИ БОРИШОТ

Таҳти раёсати раиси ноҳия ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти кории Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Қубодиён дар семоҳи аввали соли 2019 баргузор гардид.

WP_20190408_06_54_30_Pro.jpgДар ин ҷаласа намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон лейтинанти калон Зикруллоев Дилшод иштирок ва оид ба вазъи ҳуқуқии Комиссия суханронӣ намуда, бо назардошти тағйирёбии глобалии босуръати боду ҳаво ба омодабошии доимии ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия дар мавсими боришот, яъне моҳҳои апрел ва май таъкид карда шуд.

Ҳамасола бо гарм шудани дамои ҳаво сатҳи обҳои дарё ва кӯҳдоманҳо боло рафта эҳтимоли омадани сел ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ҳамаи мавзеъҳои хатарнокро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар мавсим назоратро пурзӯр менамояд.

Ҳамчунин дар ҷаласа қайд гардид, ки дар ноҳия 12 мавзеи хатарнок мавҷуд буда, дар онҳо навбатдории шабнарӯзӣ ташкил карда шудааст.

Гуфта шуд, ки дар ин мавзеъҳо кор дар самти барқарорсозӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия идома дошта, иловатан ҷиҳати расонидани кумак аз ҷониби мақомоти болоӣ ба намоянда вилоят пешниҳод карда шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.