ИҚДОМИ НЕК. ДАСТИ КӮМАК БА ТАБАҚАИ НИЁЗМАНД

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳлилу баррасии самтҳои гуногуни сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба соҳаи иҷтимоиёт аз он ҷумла дастгирии моддию маънавии қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир карда, қайд менамоянд,ки «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

Боиси қаноатмандист, ки дар ноҳияи Қубодиён ҳам дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби шаҳрвандон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бо камоли масъулият ба роҳбарию инобат гирифта шуда, барои татбиқи амалиашон тадбирҳо андешида мешавад. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Тахти Қубод» бо ин ниятҳои нек дар доираи таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои идора ба се оилаи ниёзманд – шоир Рашид Абдулло аз деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов, Бобоназаров Расул деҳаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав ва собиқадори матбуот Собир Носиров аз деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин ба маблағи 1000 сомонӣ маводи ғизои кӯмак намуд.

Рӯзномаи ТАХТИ ҚУБОД

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.