Аз таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сол сипарӣ мешавад. Маркази мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №138 аз 10 феврали соли 2014 таъсис ёфтааст.
Соли 2018-ум дар ҷумҳурӣ ба воситаи низоми ИМД (Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ) ба 34 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 47 муассисаи таълимоти таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гуруҳи мақсаднок ва 1 шуъба) донишҷӯён қабул карда шуданд.
Воқеан ҳар касе, ки дар доираи барномаҳои таълимии таҳсилти миёнаи умумӣ донишу маълумоти арзанда дорад, ба ҳар муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии мамалакат тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки онро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад, дохил шуда метавонад, зеро ҳеҷ як аз саволу масъалҳои тест берун аз ин барномаҳо нест.
Имсол дар мувоффиқа бо Вазорати маориф ва илми ҶТ ва розигии директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икром дар назди шуъбаи маорифи ноҳия ду нуқтаи бақайдгирии довталабон барои соли таҳсили 2018-19 ташкил карда шуд. Аз 1 март аз ҳисоби 1348 нафар хатмкунанда 1100 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки 45 фоизро ташкил медиҳад.
Ба маврид аст қайд намудан, ки қабули ҳуҷҷатҳо то 25-уми апрел идома дошта, то 1 май 5 рӯзи дигар мӯҳлати иловагӣ дода мешавад. Дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд ҳуҷҷат супоридаанд.