Дар қасри фарҳанги ноҳия Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор гардид. Чорабинии мазкур даври якуми фестивал буда, дар он иштирокчиён аз рӯйи маҳорати шоирӣ (навқалам), китобхони беҳтарин, нависанда ва ровӣ баромад намуданд.
Дар чорабинии ноҳиявии Фестивал намояндаи Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, директори китобхонаи вилоятӣ Савсан Шарипова иштирок дошт.
Дар озмун тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муасисаҳои таълимӣ ширкат намуданд.
Гуфта мешавад, ғолибони даври якуми озмун ҷиҳати идомаи иштирок дар фестивал – озмуни мазкур ба даври дуюми он – вилоятӣ роҳхат меёбанд.
Фестивал аз тирқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешавад.
Дар ин бора бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дод.