Субҳи имрӯз маросими сафарбаркунии наваскарон дар варзишгоҳи марказӣ бо иштироки раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муасисаҳои ноҳиявӣ ва Комиссарияти ҳарбӣ иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода дар ифтитоҳи расми гусели наваскарон ба сухан баромада, изҳор дошт: “Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст”.
Дар маросими гусли наваскарон волидони даъватшаванда низ таассуроти худро баён дошта, қайд намуданд, ки хизмат намудани фарзанд дар сафи қувваҳои мусаллаҳ орзу ва ифтихори ҳар падару модари бо нангу нос буда, тарбияи фарзанд дар роҳи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу бум ва ифтихори миллӣ қарзи ҳар як падару модар мебошад.
Сокинони ноҳия, ки аллакай хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро адо намуда, бо сари баланд ва мукофотҳои давлатӣ ба назди падару модар баргаштаанд, дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, бобати шароити хуби қисмҳои низомӣ ба наваскарон маълумот доданд.
Наваскарони даъватшаванда низ дар ин чорабинӣ изҳори андеша намуда, қайд намуданд, ки онҳо ҳамеша барои ҳимояи хоки Ватан омода буда, барои иҷрои амри ватан ҳамеша содиқ мебошанд.
Тибқи анъана, пас аз маросими расмии гусели наваскарон анъанаи “Гулчагазон” бо иштироки падару модарон ва даъватшавандаҳо баргузор гардида, ин чорабиниро барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия ҳамроҳи намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барои иштирокдорон барномаи ҷолиби фарҳангиро пешниҳод намуд.