Бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Ҳозиринро раиси ноҳия ва намондагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилоят ба ин муносибат табрик намуда, ҷашни Наврӯзро оғози баҳор ва шукуфоии табиат унвон карданд.
Дар чорабинии бахшида ба ҷашни Наврӯз ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот намоишҳои идона баргузор намуда, идид Наврӯзро бо тантана пешвоз гирифтанд.
Ҳамчунин бахшида ба иди Наврӯз дар ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳия як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла толори варзишии замонавӣ, кошонаи ҳусн, маркази омӯзиши дӯзандагӣ, макони баргузории ҷашну маросим, пули мошингузар ва ғайра маврии истифода қарор дода шуда, ин амали созибкорон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуд.