Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накуном зист, К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Марг поёни зиндагӣ нест фарди бонангу номус, миллатдӯст ва ватан парвар касест, ки дар пайи обод кардани ватан бошад ва ӯ дар қалбҳои мардум зинда мемонад. Зеро мардум ӯро ба некӣ ёд мекунанд. Пас марг барои баъзе ибтидои зиндагист ва барои баъзе интиҳои зиндагист, зеро аз ёдҳо фаромӯш мешавад.

 

Чунончи Ҳофизи бузургвор мегӯяд:

 Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки Қаландар Садруддинзода кист? Ӯ яке аз асосгузорони ҳизби террористии наҳзати ислом (ҲНИ) мебошад, ки ба сари мардуми меҳнаткаши ҷумҳурӣ чи балоҳо оварданд. Шаби 21 ба 22 март дар як бемористон дар шаҳраки Модлин, дар наздикии Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) дар синни 68 аз дунё рахти сафар баст. Аслан дар ҳақи майит сухани бад гуфта намешавад, аммо инсон дар гарави аъмоли худ мебошад, яъне ба инсон аз рӯи аъмолаш баҳо дода мешавад.

Аз рӯи хабаре мо дорем то ҳол мурдааш   дар сардхона (морг) аст, аммо писараш Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доду фарёд мезад: во падар, во падар мегуфт, дар Фаронса шоду масрур наврӯзӣ карда гашта истодааст, ки ба фарди мусалмон намезебад.  Яъне масали тоҷикӣ, ки мегӯянд: Мурдаро монда тутхурӣ.

Оё равост, ки шахси мотамдор ба ҷойи он ки дар пайи гӯру чӯби падар будан, дар Фаронса дар Наврӯз шоду масрур гардад? Албатта не. Дар мо тоҷикон чунин расм аст: мурдаро танҳо намегузоранд, яъне мурда ҳам ба худ эҳтиром дорад. Эҳтироми мурдаро ба ҷо бояд овард, ки ин вазифаи ҷони фарзандон мебошад.

Сархатиби масҷиди ҷомеи маркази ноҳияи Қубодиён Қарчиев Зайниддин

Миёна: 3.8 (49 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.