Дар маснавии Мавлавӣ як ҳикояти ширин омадааст. Дар он гуфта мешавад:
Магасе бар пари коҳе нишаст ки он пари коҳ дар идрори харе равон буд. Магас бо кибру ғурур бар идрори хар киштӣ меронд ва мегуфт: Ман илми дарёнавардӣ ва киштирониро хондаам. Дар ин кор бисёр тафаккур кардаам. Бубинед, ин дарё ин киштиро ва манро, ки чигуна кишти меронам. Ӯ дара зеҳни кӯчаки худ бар сари дарё киштӣ меронд. Он идрори хар дарёи бесоҳил ба назараш меомад ва он барги коҳ киштии бузург, зеро огоҳӣ ва биниши ӯ андак буд. Натиҷаи ҳикоят ҷаҳони ҳар кас ба андозаи зеҳн ва биниши уст. Одами мағрур ва кажандеш монанди ин магас аст
Соҳиби тавили ботил чун магас,
Ваҳми у бавли хару тасвир хас,
Азизони ман, ончи аз ҳангомаҳое ин гурӯҳи терористӣ нисбат ба озодии ҳамаслаки худашон Шарофиддин Гадоев сохтаанд, ҳикояти магас ва бавли харро дорад, зеро монанди он магас бавлро дарё ва хасро киштӣ гумон карда аст. Инҳо низ ин хоинро қаҳрамон ва он гурӯҳакҳои терористиро пуштибони ин қаҳрамон донистаанд, аммо ҳайҳот ки ин гурӯҳакҳои терористӣ ё намемонанд ва ё ки медонанд ва худро ба нодонӣ мезананд, ки қаҳрамон касест, ки дар фикри обод сохтани ватан ва осудаҳолии мардуми он мебошад. Бас бингарем, ки ин гурӯҳакҳои терористӣ дар фикри ҷудоиандозӣ байни мардум ва ба хоку хун оғӯшта кардани мардуми Тоҷикистон мебошанд.
Ба ҳамагон зарур аст ки дар пайи обод сохтани ватан бошанд ва доим шукргузори Худованди бузург бошем, ки давлати мо тинҷ ва ором мебошад ва ин ватан роҳбар дорад, ки доим дар фикри мардуми он мебошад. Бояд бо чунин ПЕШВОИ МИЛЛАТ фахр кунем.
Сархатиби масҷиди ҷомеи маркази ноҳияи Қубодиён Қарчиев Зайниддин