Дар асоси нақшаи кории Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон чорабинии “Наврӯзи ҷавонони вилоят-2019” таҳти унвони “Наврӯз зебу зиннати Тоҷикистон!” дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонон аз гӯшаву канори вилояти баргузор гардид.
Меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тантана пешвоз гирифтаанд. Инчунин бо иштироки ҷавонони вилояти Хатлон хамчун нишонаи дӯстӣ дар “Боғи Ҷавонон”-и ноҳия зиёда аз 30 ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд.
Дар саҳни қасри фарҳанги ноҳия меҳмонон аз ҳунарҳои халқӣ, ҳунарҳои дастии ҷавонони эҷодкори ноҳия ва намоиши бозиҳои варзишии варзишгарони ноҳияи Қубодиён дидан намуданд. Инчунин ба 10 нафар ҷавонони маъюби ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия ва намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон кӯмаки молиявии яквақтаина ба маблағи 2000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Дар толори қасри фарҳанги ноҳия раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло ва мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мӯҳтара Насриддинзода Рамазон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз сидқан табрик ва муборакбод намуданд.
Баҳри болидахотирии ҷавонони вилоят аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Баъди анҷоми чорабинии фарҳангӣ меҳмонон аз осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия дидан намуда, ба ҳар як иштирокчии чорабинии “Наврӯзи ҷавонони вилоят-2019” таҳти унвони “Наврӯз зебу зиннати Тоҷикистон!” аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Инчунин Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз рӯи 6 намуди варзиш бандкашӣ, гуштини миллӣ, дастхобонӣ, сангбардорӣ ва шоҳмот дар ноҳия ҷамъбаст карда шуд.