Нахуст ҳисоботи раиси ноҳияи Қубодиён доир ба ҷамъбасти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум ироа гардид. Қайд кайда шуд, ки дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони ноҳияамон гӯшаву маҳалҳо сол аз сол обод гардида, соли сипаришуда даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ҳамаи ин омилҳо ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия мусоидат намуда истодаанд. Аммо бо вуҷуди ин, раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Зафар Файзуллозода зимни ҳисоботи худ изҳор дошт: “Новобаста аз ин корҳои анҷомдодашуда қаноатмандкунанда набуда, ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ 6,1 млн. сомонӣ бақияпулиҳои андозҳо боқӣ мондаааст”. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар ноҳия воситаву имкониятҳои дохилӣ барои боз ҳам суръат бахшидани рушди иқтисодиёт ва дар ин замина тадриҷан беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ хеле зиёданд ва “аз мо танҳо масъулияти баландро талаб менамояд”.
Дар баробари ҳисоботи раиси ноҳия дар иҷлосия ҳисоботи мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Сабуром М., ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён «Оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният», муовини раиси ноҳия Шарипова Т. Доир ба фаъолияти ин Комиссия ва дар бораи пешниҳоди раиси Комиссия оид ба баррасии пешакии масъалаҳои вобаста ба номгузорӣ ва тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишини назди Маҷлиси вакилони халқи ноҳия шунида шуд.
Ҳамзамон ҳисоботи сардори раёсати молияи ноҳия Раҳимов Н. ва сардори Нозироти андози ноҳия Наимов Н. дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2016 ва тасдиқи нақшаи он барои соли 2018 ва муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохти ҳатмии алоҳида мутаносибан садо доданд.