ДАСТАРХОНИ НАВРӮЗӢ ВА БАРНОМАИ ИДОНА БАРОИ ЯТИМОН

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз барои ятимон ва тарбиятгирандагони мактаб – интернат дастархони идона ва чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.

3.jpgДар чорабинӣ раиси ноҳия Зафар Файзуллозода иштирок намуда ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам эмомалӣ Раҳмон таҳти ғамхорӣ қарор дода, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки онҳо дар ҷомеа эҳсосӣ бекасӣ ва ятимӣ дошта бошанд.

Гуфта мешавад, дар ноҳия 32 нафар ноболиғон ятими кулл буда, баҳри фароҳам сохтани шароити таълим ва тарбияи мусод ба ҳар як нафари онҳо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор ва вобаста шудаанд.

4_3.jpgДар рафти чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ятимони кулл тӯҳфаҳо аз қабили сарулибос, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва кумаки яквақтаинаи молиявӣ ба маблағи 300 сомонӣ ба ҳар кадоми онҳо тақдим карда шуд.

Дар ин чорабинӣ тарбиятгирандагони мактаб – интернати ноҳия низ ширкат дошта, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Баҳри болида сохтани хотири наврасон аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши онҳо карда шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.