ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

P3120042.JPGДар ин чорабинӣ раиси ноҳия Зафар Файзуллозода, аҳли эҷоди рӯзномаи “Тахти Қубод” масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳия ширкат намуданд.

Дар оғози ҷамъомад раиси ноҳия аҳли қалам ва алоқамандони матбуотро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, изҳор дошт, ки рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум низ маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.

Қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар, вазъи фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро тавассути нашрияи ноҳиявии “Тахти Қубод” инъикос намуда, ҷиҳати эҷод намудани шароити мусоиди корӣ барои кормандони ин нашрия тамоми чораҳоро меандешад.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз нашрияи “Тахти Қубод” аз рӯи теъдоди чоп дар байни рӯзномаҳои ноҳиявии вилоят яке аз сершумортарин рӯзнома ба шумор рафта, моҳе се маротиба ба нашр мерасад.

P3120063.JPGИн дастоварди рӯзномаи ноҳия дар сатҳи вилоят қадршиносӣ гардида, даор озмуни вилоятии “Нерӯи сухан” соҳиби Шаҳодатномаи ғолиби озмун ва сазовори унвони беҳтарин рӯзномаи ноҳиявӣ гардида, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон дар чорабинии вилоятии бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ба сармуҳаррири рӯзномаи “Тахти Қубод” тақдим карда шуд.

Ҳамчунин фаъолияти мухбирони рӯзнома низ аз назар дур намонда, барои саҳми арзанда дар рушди матбуоти кишвар, тарбияи насли наврас мухбири рӯзномаи “Тахти Қубод” Муҳаммадисо Абдуллоев ба ифтихорномаи раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Мукофоти мазкурро вакили Маҷлиси намояндагон Садриддинзода Бадриддин аз номи раиси Маҷлиси намояндагон дар ҳолати тантанавӣ дар ҳузури раиси ноҳия ба Абдуллоев М. тақдим намуд.

P3120072.JPGМақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии ноҳия барои қадрдонии фаъолияти эҷодии собиқадорон ва кормандони рӯзномаи ноҳиявӣ ба онҳо дар ин ҷамъомад мукофоти пулӣ ва сипосномаҳо тақдим намуд.

Ҳамчунин дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик мухбири минтақавии рӯзномаи Тахти Қубод Валиев Маҳмудҷон ба аъзогии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуд ва Шаҳодатномаи аъзогии иттифоқи журналистон ба номбурда дар толор аз ҷониби раиси ноҳия тақдим карад шуд. Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ ба ду нафар мухбири минтақавӣ шаҳодатномаи кории рӯзнома супорида шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.