БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ НОҲИЯВИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Рафти иҷрои нақшаи кории Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳияи Қубодиён дар семоҳаи чоруми соли 2017 баррасӣ гардид. Дар кори маслиси Шӯро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳқуқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ва мақомоти иҷроия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳия ширкат намуданд.

Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис котиби Шӯро – сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия Зардаков М. баромад намуда, изҳор дошт, ки вохӯрӣ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия дар масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, таъмини иҷрои Қонунин Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъултяти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашуг маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пайваста гузаронида мешавад.

Дар давоми маҷлис гузориши мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Эшов М. дар бораи ба роҳ мондани омӯзиши фанни асосҳои давлат ав ҳуқуқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия шунида шуд.

20171225_094912.jpgДар рафти маҷлис раиси ноҳия Файзуллозода З. фаъолияти Шӯроро дар давоми соли равон ғайри қаноатбахш унвон намуда, доир ба пурзӯр намудани фаъолияти Шӯро дар соли оянда супориш дода шуд. Дар идомаи маҷлис иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масъалаҳои баррасишуда баён намуда, нақшаи кории Шӯроро барои соли 2018-ум тасдиқ намуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.