Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии раиси ноҳия Зафар Файзуллозода бо Кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Ҳадафи вохурӣ муҳокима ва баррасии натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ном бурда мешавад.
Гуфта мешавад, дар аососи амри раиси ноњия аз 21 феврали соли равон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, аз тарафи ин гурӯҳ тамоми масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф, аз ҷумла сифати таълим, сатҳи донишомӯзии хонандагон, рафти иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, ворҳои ободонӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар ҳузури раиси ноҳия камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба соҳаи мактабу маориф мавриди баррасӣ қарор гирифта раиси ноҳия барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супоришҳои дахлдор ҷиҳати ислоҳи саривақтӣ дода шуд.