НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚАЗИЯИ ГАДОЕВ КОМЁБ БУДАНД (ОЁ СУЛАЙМОН ДАВЛАТОВ БА ВАЪДААШ ВАФО МЕКУНАД?)

Бо баргардонидани Гадоев Шарофиддин, ки шоми 2-юми март сурат гирифт, ниҳодҳои давлатӣ фарҳанги воло ва мудирияти истисноӣ нишон доданд.  Сараввал, заминаи бозгашти раҳбари «Паймони ба ном миллӣ»-ро мусоид сохтанд ва ба мухолифон фаҳмонданд, ки дар гӯр ҳам бошанд, дар дастрасии қонун  қарор доранд.

Ҳамин тартиб, Қонуни авф нисбат ба Гадоев бо ҳамон дароят ва иқтидори истисноии ниҳодҳои ҳукуматӣ татбиқ шуд. Амалан, аҷобати кор дар ҷойи дигар мавҷуд аст. Бо омадани Гадоев ба Точикистон 2 созмон аз байн рафтанд, яке «Гурӯҳи 24», ки расман аз фаъолият дар хориҷа даст кашид ва дуюмӣ, «Паймони зиддимиллӣ», решаҳои хориҷӣ ва наҳзатӣ дошт.     

         Бар замми ин, шароит фароҳам оварда шуд, ки Гадоев бо хешутабор ва наздиконаш вохӯрда, ғаму андӯҳашро барорад.  Худоии падараш ҳам дар н.Фархор ташкил ва мулоқоти созанда бо ҳамсояҳо гузаронида шуд.

         Гадоев, ки як муҳоҷири одӣ дар Голландия буд, ин қадар мардигарӣ ва мардсолориро шояд дар солҳои наздик, на аз ҳампаймонон ва атрофиёнаш дида буд.  Рӯзҳои аввал ҳатто кор то ҷое расида буд, Гадоевро бинобар мулоҳизаҳои маҳаллӣ хоин ҳам номиданд.

         Садо аз ду даст бармеояд. Гадоев бояд дарси ибрат гирифта бошад, ки дар Тоҷикистон насле ба воя расидааст, ки аз хислатҳои волои инсонӣ бархӯрдор аст ва бар замми ин, то сарҳади ҷон додан аз Ҳукумати миллӣ ва  давлатдорӣ содиқона ҳимоят мекунанд. Ин дарс аз он иборат аст, ки Гадоев ҳар гуфтору кирдори худро дониста ва бар оташи душманҳои дохилӣ ва хориҷӣ, доман назанад.

         Аз ҷониби дигар, Гадоев, марҳилаи қонунпазириро як дафъа он ҳам дар дохили мамлакат имтиҳон кард ва дурнамои фаъолияти ӯ бояд дар шароите ташкил карда шавад, ки дар мадди назар манфиатҳои миллӣ  гирифта шаванд.

         Қазияи Гадоев, масъалаи бозгашти муҳоҷиронро мусоид сохт, ки ба иборае досеи сиёсӣ доранд. Дар ин раванди бозгашт як қувва ҳисобаш ҷудо аст, ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташаббускори табаддулоти ҳарбӣ.

         Тахмин меравад, ки раҳбарияти «Ҳаракати рушд ва ислоҳот» фаъолияташро бо баргашти Гадоев қатъ менамояд ва роҳашро аз наҳзатиҳо ҷудо мекунад. 

         Ниҳодҳои ҳукуматӣ ваъдаашонро вафо карданд, оё Сулаймон Давлатов ба ваъдааш вафо мекунад ва ба Ватан бармегардад?

Эҳсони Илҳом, таҳлилгар

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.