Тибқи нақшаи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон ва қисми 49-и ҳарбикунонидашудаи ХДО ноҳия дар ҳудуди шабакаи муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия машқҳои тактикии оташнишонӣ бо даъвати хадамотҳои махсус баргузор карда шуд.
Ба қавли баргузоркунандагон мақсад аз ин чорабинӣ баланд бардоштани малака ва маҳорати кормадони хадамот ва кормандони соҳаи тиб дар пешгирӣ аз сӯхтор ва дар ҳолати сар задани ин гуна воқеаҳо мебошад.
Дар ин чорабиниҳо саҳнаҳои наҷотдиҳии зарардидагон ва кумаки аввалия расонидан бо усули касбӣ намоиш дода шуда, ба иштирокчиён ҷиҳати ҳавасмандгардонии онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.