Бо фаро расидани фасли баҳор дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ноҳия корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Ноҳия бо наздик гаштани идҳои баҳорӣ ба худ симои идона гиирифта, ҳар як сокини ноҳия дар бурдани корҳои ободонӣ аз худ масъулият зоҳир намуда, саҳмгузорӣ менамояд.
Сокинони деҳаи Ахчаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бобати ободонӣ ва созандагӣ илҳоми тоза гирифта, қаблан роҳи маркази деҳаро мумфарш ва чароғон намуда, соли гузашта дар озмуни ноҳиявии беҳтарин деҳа ва маҳалла ҷойи дуюмро ишғол намуда буданд.
Ҳамакнун соrинони ин деҳа талош доранд минбаъд дар ин озмун ба воситаи вусъат додани корҳои ободонӣ ҷойи якумро ба даст оранд. Бароb ин бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша роҳҳои байни маҳалларо, ки беш аз 10 км-ро ташкил медиҳаyд, пурра сангфарш ва чароғон намуданд. Инчунин бо дастгирии сокинон чойхонаи фароғатии деҳа, ки муддати дароз бекор хобида буд, ба иншоотҳои зарурии маҳал, аз ҷумла кошонаи ҳусн, толори варзишӣ, макони баргузори ҷашну маросими миллӣ ва утоқи кории раиси кумитаи маҳал табдил додан ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пешниҳоди дахлдор ирсол карда шуд.