Бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҳозиринро раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, артишро рукни асосии давлатдории муосир ва сипари боэътимоди давлат арзёбӣ намуд. Раиси ноҳия дар баромади худ қайд намуд, ки маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он артише, дар солҳои аввали Истиқлолият арзи вуҷуд мекард ва теъдоди ночизи яроқу техникаи ҳарбиро дошт, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки дорои техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад.
Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён хизмати ҳар як афсару сарбоз дар роҳи ҳифзи сулҳу суботро қадр намуда, хотири онҳоеро, ки дар ин роҳ ҷоннисорӣ кардаанд, ҳамеша пос медорад.
Бо ин мақсад дар рафти чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба собиқадорон ва маъюбони Ҷанги бузурги ватанӣ, Чехославакия, фоҷиаи Чернобил, интернатсионалист ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар арафаи 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ ва кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ тақдим намуд.
Инчунин ба кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия, хизматчиёни қисми ҳарбии 0305 Қушунҳои сарҳадӣ барои ҳимояи марзу бум ва хизмтаҳои софдилона ифтихорнома ва ба раисони маҳаллаҳо барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар замири ҷавонон ва наврасон сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.
Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баронмаи ҷолиби консертиро пешкаши ҳозирин намуданд.