Имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида ба 26 солагии таъсисёбии “Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба мақсади тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони ноҳия дар байни хонандагони 12 муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни ҳарбӣ-варзишӣ “Ватанпарвар” баргузор карда шуд. Дар ин озмун зиёда аз 300 нафар ҷавонон фаъолона иштирок намуд.
Дар фарҷоми озмун ғолибон аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.