Абдулазиз ибн Муҳаммад Албонӣ сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо мақсади шиносоӣ бо ақалияти қавми араб ба ноҳияи Қубодиён ташриф овард.
Меҳмони олиқадрро аз даромадгоҳи ноҳия раиси ноҳия Зафар Файзуллозода истиқбол намуда, дар утоқи кории раиси ноҳия кабули меҳмонон сурат гирифт.
Дар рафти мулоқот раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар аз ҳамкориҳои судманди дуҷониба ёдовар шуда, изҳор дошт, ки муносибати Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон барқарор гардида, сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвари ба мо дӯст борҳо сурат гирифта, ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст.
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ин мулоқот аз истиқболи гарми роҳбарият ва сокинони ноҳия изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон равобити ҳасана барқарор намуда, дар тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо бо нишони эҳтиром табодули тӯҳфаҳои хотиравӣ намуда, аз ҷониби раиси ноҳия ба меҳмони олиқадр китоб доир ба таърихи Қубодиён, аксри Ҳаким Носири Хусрав дар болои санги мармар ҳаккокишуда ва дастдӯз барои пӯшидани чойнак тӯҳфа карда шуда, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар навбати худ ба раиси ноҳия ба ҳайси тӯҳфа либоси суннатии мардуми араб, ки ҳамзамон либоси корӣ маҳсуб меёбад, тақдим карда шуд.
Сипас меҳмонон барои вохӯрӣ бо сокинони арабтабори ноҳия ба деҳаи Арабхона рафта дар толори муассисаи таълимии №7 вохӯрии сокинони ин деҳа бо меҳмон сурат гирифт.
Қабл аз вохӯрӣ раиси ноҳия ва сафири Арабистони Саудӣ бо нишони дӯстии ҷовидона ва пайванди азалии мардуми тоҷик ва араб дар саҳни муассисаи таълимии мазкур дарахти ҳамешасабзи арча шинонида шуд.
Ҳамчунин дар ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр намоиши ҳунари дастии сокинони ноҳия аз қабили дӯзандагӣ, пӯхтупаз, ресандагӣ ва дигар маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар ин вохӯрӣ сафири Арабистони Саудӣ изҳори хушнудӣ намуд, ки ақалияти миллати араб дар баробари дигар қавму миллатҳои гуногуни Тоҷикистон ба сар бурда, саҳми худро дар рушду инкишофи кишвар мегузоранд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён беш аз 8 ҳазор ҷамъияти арабтабор зиндагӣ дошта, дар баробари дигар қавму миллатҳо дар рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия фаъолона иштирок менамоянд.
Ақалияти қавми араб дар ноҳияи Қубодиён аксаран дар деҳаи Арабхона зиндагонӣ намуда, барои беҳдошти вазъи зиндагии онҳо дар ҳудуди ин деҳа муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла маориф ва тандурустӣ фаъолят менамояд. Саҳми сокинони ин деҳа дар рушди соҳаи кишоварзии ноҳия хеле зиёд буда, бе аз 90 хоҷагии деҳқонӣ аз ҷониби онҳо ташкил карда шудааст.
Бино ба сарчашмаи ғайрирасмӣ сокинони арабтабори ҳавзаи Мовароуннаҳр дар асри 8 мелодӣ, дар аҳди Қутайба ибни Муслим бо мақсади тарғиби дини ислом ва забони арабӣ ба ин сарзамин сар дароварда, дар натиҷаи боло рафтани ҳисси миллихоҳии мардуми бумӣ ва ташкил ёфтани давлатҳо бо роҳбарии маҳаллиён бо мардуми бумӣ омехта гардида, тадриҷан дар асоси забони форсии тоҷикӣ гуфтори хоси худро ба вуҷуд оварданд.