Дар асоси нақшаи чорабиниҳои вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, ки бо қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон аз 30 ноябри соли 2018, №266 тасдиқ шудааст, дар шаҳру навоҳии вилоят барои устувор намудани фаъолияти ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулода омӯзиш гузаронида мешавад.
Тибқи нақшаи мазкур рӯзҳои 29-30 моҳи январ роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулъода ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Гуфта мешавад, дар ноҳия беш аз 2300 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки бархеи онҳо доманакӯҳҳо ва мавзеъҳои селхез ҷойгир мебошанд.