Банда дар сомонаи иғвоангези «ksaadat» матлаби «Аз замоне ки худро шинохтаам, «босмачиён»-ро мудофеъи обухоки худ медонистам»- и боз як бегонапарасти «панктуркистӣ» Дориюши Раҷабиёнро хонда нафратам ба ин разил боз зиёдтар шуд. Магар ў Кури Шермат, Иброҳимбек, Фузайл Махсумро мудофеъи обу хоки худ медонад, ё ин ки Анварпошо ва Салимпошои туркро. Ба фикри банда авлоду аҷдоди Дориюши Раҷабиён аз авлодони ҳамон «босмачиён»-и ғоратгари туркнажод будаанд, ки ин ққадар барои тарафдории онҳо ҷоғ мезанад. Ё Анварпошою Салимпошо «язнааш» буданд.
Дар тули ин солҳо олимони тоҷик исбот кардаанд, ки «босмачиҳо» киҳо буданд, бар зидди мардуми бечора чи зулму ситамро раво дидаанд, чи қадар зиёиён ва деҳқононро молу мулкашонро таллаву тороҷ намуда худашонро ба қатл расониданд. Агар ин «босмачиҳо»-и хунхор аз давлату меҳани худ дифоъ мекарданд магар мардум бар зидди онҳо бармехост?, ҳагиз не. Аммо ин разилон бо супориши «хоҷагони туркнажодашон» миллати худро азобу шиканҷа доданд, ба қатл расониданд то ки мардум аз ин «босмачиҳо» тарсида онҳоро тарафдорӣ намоянд, лекин аҳолӣ яқинан медонистанд, ки дар сурати ғалаба кардани ин разилон онҳо боз дар зери истисмори онҳо қарор мегиранд. Аз ин рў, ё марг ё озодӣ гуфта ба муқобили онҳо баромада дар лонаашон ин хунхоронро нету нобуд карданд.
Ҳамчунин барои чунин бегонапарастнони ба монанди Дориюши Раҷабиён ва роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнўи наҳзатӣ устод Садриддин Айни дар асари таърихии «Дохунда» образи «босмачиҳо»-ро чунин нишон додааст: «ҷазои босмачӣ аҳолиро сўхтан, куштан, овехтан ва кўбкорӣ (бузкашӣ) кардан аст, камтарин ва осонтарин ҷазояш гўшу бинӣ буридан аст, ки танҳо баъзе хушбахтон бо ин ҷҷазо халос мешаванд”. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо устод дар дигар маврид қайд кардааст: “Туғайсариғ даҳани халтаро кушода, гўшу биниҳои буридаи одамиро ба Иброҳимбег нишон дода, гуфт ҳар кадоми ин гўшу биниҳо гўшу бинии ҷадид, болшевик ва хайрхоҳони онҳост, ки ба нияти устувор кардани давлати амир буридаам ва баъд аз ин ҳам ҳар қадар гўшу бинӣ, ки дар ин роҳ бибурам, ҷамъ мекунам, ҳар вақт ҷаноби амир омаданд, ба ҳузури муборак пешкаш менамоям, дар он вақт амир медонанд, ки Туғайсариғ кӣ будааст ва марҳаматҳои муносиб дар ҳаққи ман хоҳанд кард”. Ана бинед, ки ин “босмачиҳо”-и ба гуфтаи Д.Раҷабиён «мудофеъи обухоки меҳан» ба мардуми бечора чи зулмро раво медиданд, аз рўи мақоли халқ “Чизе ки айён аст ҳоҷат ба баён нест”. Лекин ин лаъини Раҷабиён бо супориши “хоҷагонаш” бе ягон далел ин хунхорони “босмачӣ”-ро “таърифу тавсиф” карда, мехоҳад бо ин роҳ хонанадаи закиро ба худ ҷалб кунанд, аммо таърих гувоҳ аст ва дар ҳеҷ маврид мардум ба сафсатаҳои Раҷабиёну пайравонаш бовар намекунанд.
Халқи тоҷик “босмачиён”-и золим, маккор, фосиқ ва хунхорро ки монанди мор ба назар намоён буданд, нест карданд, аммо он гурўҳаке, ки бо номи “босмачиён”-и навбаромада дар мисоли Дориюши Раҷабиён ва роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнўи наҳзатӣ, монанди “каждуми таги бурё” аз рўйирост нишон додани худ тарсида, дар хориҷи кишвар садо баланд карда “заҳр мезананд”, аммо яқинан онҳо барои пешрафти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар монеъаҳо эҷод карда наметавонанд, “нешашон” ба зуди шикаста мегардад, дигар намегузорем, ки қадами номубораки ин бегонапарастони хоини давлату миллати тоҷик ба хоки сарзамини биҳиштосои мо гузошта шавад.
Фаррухи Фаридун, рўзноманигори масолили сиёсӣ