ШАРҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРКАЗ ВА ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ

Гурӯҳи корӣ дар ҳайати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тағойзода Сумангул, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддинзода Бадриддин ва Ахмедов М. ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳал бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуданд.

45530393-CB88-450A-B83F-C6A9AEC59E32.pngДар вохӯриҳои мазкур, ки таҳти раёсати раиси ноҳия Файзуллозода Зафар доир гардиданд, баромадкунандагон вобаста  ба паҳлӯҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан оид ба дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, аз қабили оғозии расмии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”,  гузаштан ба шакли саноати-аграрӣ ва эълон шудани саноаткунонии босуръат ҳадафи чоруми миллӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, рушди соҳибкорӣ, таҳкими муносибатҳо бо Ҷумҳурии Узбекистон, афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ, мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккил ва ғайра андешаронӣ намуданд.

295F4EE4-7238-47F0-8B3C-192C758CA111.pngВазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағойзода Сумангул Саид зимни баромади худ иброз дошт, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барномаи муҳим ва сарнавиштсоз фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёт буда, барои расидан ба ҳадафҳои олии давлатдории тоҷикон такони ҷиддӣ бахшид.

1D13118C-2A0A-44AD-9260-03BEBB67ABB4.pngИнчунин аз ҷониби иштирокдорон зикр карда шуд, ки дар шароити рушди кунунии ҷомеаи муосир, махсусан раванди тағйирёбии иқлим ҳифзи манбаъҳои обро рӯзмарра гардонида, оби тозаи ошомидани ба мушкилоти калидии мардуми сайёра табдил ёфтааст. Бо назардошти ин Тоҷикистон дар самти бартараф намудани мушкилоти об ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътирофи расмӣ пайдо намудааст.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.