Дурӯғи пучи Салимпул (Раднома ба хабаре ки овозае беш нест)

           Салимпул бар худ мачинед ин қадар савдои пуч,
           Ришу фаш охир чу пашм аз кавни дунё меравад. 
     
       

«Лавл-ал-ҳумақоу-л-ахариб ад-дунё» (Агар аҳмақон намебуданд, дунё хароб мегардид), 14-уми январи соли 2019, Мирзо Салимпул масъули сомонаи аҳмақи «Ахбор.ком» боз ҳамтоёни худро аз ГМҶ-и шаҳри Хоруғ  шод кард. Салимпул,  саркардаи гурӯҳи ҷиноятпешаи дурӯғгӯёни ҷумҳурӣ   бо як дастдарозии ба ӯ хос ахбори пучу беасосро бо номи «Боз як тирпарронӣ дар Хоруғ» ба нашр расонид, ки бори дигари пойбанди арзишҳои ботили ҷиноятии ин фарди беусулро нишон медиҳад. 
           Бо туҳмату ғайбат, ки ҷузъи ҳаррӯзаи ҳаёти ин рӯзноманигори козиб шудааст, эътибори кормандони ҳифзи ҳуқукро доимо коста мегардонад. Ҳодисаи маъмулиро расонаӣ карда, дар назди бегонагон чурми содирнашударо барҷаста сохтааст. Гап сари он меравад, ки М.Салимпул бо ин кораш 2 ҷиноят содир кардааст: 1) мақсаднок паҳн кардани маълумоти бардурӯғ; 2) дурӯғпароканӣ дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ.   
          Шаффофият ва адолати касби журналистӣ  тақозо мекунад, ки ба нашри ин гуна ахбори дурӯғ эҳтиёткорона муносибат  шавад. Мирзо Салимпул вақтҳои охир ба обрӯву эътибори ниҳодҳои давлатӣ ҳамлавар шуда, дурӯғу ростро омехта карда, ба имиҷи кормандони давлатӣ ҳуҷум менамояд. 
           Сомонаи «Ахбор.ком», амалан ба пойгоҳи иттилоотии дурӯғпарокан ва иғвогарона табдил ёфтааст. Новобаста аз он ки чандин дафъа иттилоотрасонии зиёновари ӯ ифшо гаштааст, боз ҳам дар тафсири воқеаву рӯйдодҳои ҷумҳурӣ назари якҷониба ва манфиатталабона дорад. Хосатан, агар омилони ҳодиса кормандони давлатӣ бошанд, Салимпул бо як хуморшикании қасосгирона ин амалро иҷро мекунад. 
    Бо такя ба маълумоти шоҳидони воқеӣ бошад маълум гашт, ки асли воқеа аз ин қарор аст, ки ҷиноят нисбат ба мамониати кормандони ҳифи ҳуқуқ сурат гирифта, омилони ин ҷиноят бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ниҳодҳои қудратӣ муваззафанд, ки тартиботи ҷамъиятиро барқарор созанд ва нагузоранд, ки қонуни ҷангал дар куҷое набошад, ҳукмфармо бошад.   
         Ҳамин аст, ҳақиқат, ки ба чашми камбини дурӯғгӯён, ки падарашон дар Прага дар симои М.Салимпул зуҳур кардааст, мехалад. Маълумоти ботилро М.Салимпур ҳамчун санади беҳамто пешниҳод намуда, дар шарҳу эзоҳи воқеаҳо каҷравӣ кардааст ва ин каҷрафторӣ қотеъона бояд рад гардад.  
    Ба тоифаи дурӯғросткун мисли Салимпул бояд гуфт, ки мизони масъулиятпазирӣ дар миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ болост ва бояд ин саркардаи ГҶД бифаҳмад, ки бо ин зуҳуроти номатлуб кормандони ниҳодҳои қудратӣ ба таври шуурӣ ва бо дарки асли ватандорӣ муборизаи беамон мебаранд. 
    Ҳамин «равшанфикрони демократ», ки М.Салимпул ҷузъи ҷудонашавандаи онҳост, ғутавар дар гипнози муллоҳои ифротӣ, барои аз байн бурдани  низоми давлатдорӣ аз ҳуҷумҳои иттилоотӣ дар солҳои 90-ум оғоз накарда буданд. Ин нияти хасмонаи онҳо имрӯз ба сипари тавоно бархӯрдааст, ки насли ҷавони афсарони тоҷик  ҷузъи боэътимоди онҳост. 
 Бо камоли тааасуф бояд иқрор шуд, ки дар шаҳри Хоруғ, ки тафсири муфассалашро ба дафъи дигар вомегузорем, дар тӯли 27 сол насли ҷавоне дар атрофи хонаҳои “сарон”-и бемағзи гурӯҳакҳои ҷиноятӣ дар маҳаллаи УПД, Бархоруғ, Болнисен, Хчордев, Шошхоруғ ва Тишори Поршнев ба воя расидааст, ки парастиши аъмоли ғайриқонунии саркардаҳои ин гурӯҳҳои ҷиноятиро, ҷузъи ҷаҳонбинии танги маҳаллии худ мепиндоранд.  Раҳо кардани ин ҷавонон аз вартаи андешаи ҷиноятпарварӣ, “қонунмандии зиндонӣ” ва парастиши ҷинояткорон, иродаи мустаҳками намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллиро тақозо менамояд. Ислоҳи ин каҷравиҳои зеҳнӣ вазъиятро дар шаҳри Хоруғ беҳбуд мебахшад. 
Ба ҳамагон маълум аст, ки сарпарасти молии сомонаи «Ахбор.ком» наҳзат буда, ҳамчун ҷузъи сохтори матбуотии ТТЭ ҲНИ бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон фаъолият мебарад.  Мирзои Салимпул бошад ба ҳайси сухангӯйи ёғиҳои фирорӣ хизмати бешарафонаи онҳоро адо мекунад.    

Фирӯз Қаҳрамон, таҳлилгар

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.