Мунофиқро мадон ёри муносиб, Мунофиқро мунофиқ дон мунофиқ

Паёми табрикотии роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ба мардуми Тоҷикистон ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Зеро ин табрикот баёнгари мунофиқ ва дуруя будани Кабирӣ мебошад, агар аз рӯи инсоф назар андозем мебинем, ки дар соли гузашта дастовардҳои бузург насиб мамлакатамон гардид. Яке аз онҳо ба кор даровардани агрегати якуми НБО Роғун мебошад. Ва агар ба қаламрави кишвар назар андозем, мебинем, ки чӣ дар деҳот ва чӣ дар шаҳрҳо корҳои ободонии зиёде рафта истодааст. Хусусан симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе кулан дигар шудааст, ки бинандаро ҳайрон месозад. Мо дар аввал гуфтем, ки табрик гуфтан ба муносибати соли нави мелодӣ назди хоҷагони охундии Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш куфр варзидан ва ширк овардан ба Худованд мебошад. Инҷо маълум мешавад, ки табрики соли навии Кабирӣ барои тамаллуқ кардан дар назди Аврупоиҳо ва худро шахси дунёвӣ нишон додан мебошад.

Хуб мебинем ки Кабири мегӯяд: "Онҳое ки бо вуҷуди таҳаввулоти бузурги асри гузашта дар кишвар боқӣ монданд…" агар таҳаввулоти асри гузашта, ки ба куштори беш аз сад ҳазор мардуми бегуноҳ ва муҳоҷир шудани садҳо ва ҳазорҳо ба кишвари ҳамсоя бошад, бас ин таҳаввулоти бо айби кӣ ба вуқӯъ омад, ҳама медонанд, ки гуноҳкор ин воқеъаҳо ҳамин ҳизби ТЭТ наҳзати буд. Кӣ ҷомеъаро ором сохт ва мардум сарҷамъ намуд?! Албатта, Пешвои миллат бо чӣ машаққатҳо ин кишвар ором ва мардумашро сарҷамъ намуд?!

Боз мегӯяд: "Миллати азияткашидаи мо ки ҳам таҷрибаи талхи низоъҳои идеологӣ ва қавмиро дорад…". Чуноне ки гуфта гузаштем, ин миллати бошарафи тоҷик аз ниятҳои шуми шумо огоҳ шуда ва аз гузашта панд гирифта, дигар ҳаргиз ба доми фиреби шумо намеафтанд, зеро он ҷудоие, ки шумо байни ин миллат андохтед, барои мардум дарси ибрат шуд.

Агар шумо дар фикри ваҳдат ва якдилии ин миллат мебудед, даст ба ин корҳои сиёҳ намезадед, Балки дар пайи обод кардани Ватан мешудед, аммо ҳайҳот, ки ба ҷои ободӣ ба ин сарзамин шумо харобӣ овардед.

Алҳамдулиллоҳ, ҷомеъаи Тоҷикистон ҷомеаи солим мебошад ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёдкорӣ ва созандагӣ қадам монда истодаанд ва каромату арзишҳои муштараки инсонӣ боло гузошта шудааст.

Ва мардуми Тоҷикистон – чӣ мусалмон ва чӣ ғайри мусалмон дар чашн гирифтани идҳои худ озод ва баробарҳуқуқ мебошанд.

Амният ва рафоҳияти мардум побарҷост.

 

Сархатиби масҷиди ҷомеи

маркази ноҳияи Қубодиён                                      Қарчиев Зайниддин

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.