
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баррасии вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2018 таҳти раёсати раиси ноҳия Зафар Файзуллозода баргузор гаридид.
Вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро, ки муовини раиси ноҳия Алӣ Тоҷиев гузориш медод, изҳор дошт, ки Дар соли 2018 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 1 млрд. 45 млн. сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз, ё ин ки 35,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад, аз он дар соҳаҳои кишоварзӣ афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фоиз, ба соҳаи саноат 9,2 фоиз ва дигар соҳаҳо 23,8 фоиз рост меояд.
Қайд гардид, ки музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 790,48 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 32,14 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 104,2 фоизро ташкил намуда, қарздории музди меҳнати кормандон дар ноҳия вуҷуд надорад.
Дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 13193 гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 гектар зиёд буда, дар майдони 3422 гектар кишти такрории зиротҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,5 гектар зиёд мебошад.
Масъалаҳои зина ба зина беҳтар намудани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, занон ва фарҳанг таҳти ғамхории доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия қарор дошта, барои пешрафти онҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида мешаванд.
Гуфта мешавад, дар маҷлиси ҷамъбастии солонаи ноҳия Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сумангул Тағойзода ба ҳайси намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сайдулло Маллазода намояндаи вилоят ширкат намуда, вобаста ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия изҳори назар намуда, ба масъулин супоришҳои дахлдор пешниҳод намуданд.
Сипас раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндагони ҷумҳурӣ ва вилоят роҷеъ ба камбудиҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия аз масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҳалли онҳо супоришҳои дахлдор дода шуд.