Дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2019 чорабинии идона бо иштироки қишрҳои гуногуни аҳолӣ баргузор гардид.
Ҳозиринро раиси ноҳия муҳтарам Файзуллозода Зафар ба муносибати фарорасии соли нав тамоми сокинони ноҳиро самимона табрик намуда, соли сипаришударо барои кишвар соли бобарор ва хотирмон арзёбӣ кард. Раиси ноҳия бо ёдварӣ аз оғози расмии ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳат об – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2018” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба кор андохтани агрегати якуми неругоҳи барқи обии “Роғун” ва марҳилаи нави ҳамкориҳои зич миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2018-умро бо санаҳои болозикр барои мардуми кишвар басо муҳим ва хотирмон арзёбӣ кард.
Дар давоми чорабинӣ ба чанд нафар ғолибони мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, ки дар давоми соли 2018 дар мусобиқаҳои гуногун ғалаба ба даст оварданд, аз ҷониби мақомомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.
Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири ҳозиринро болида намуд.