Таҳти раёсати муовини раиси ноҳия, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубдиён Шарипова Тоҷинисо ҷаласаи навбатӣ ва ҷамъбастии Шӯро баргузор гардида, як қатор масъалаҳои марбут ба соҳаи тиб дар он баррасӣ карда шуд.
Аз ҷумла, оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 15 майи соли 2017, №486 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷиукистон барои солҳои 2017 – 2020” ҳисоботи директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам дар ноҳия Содиқов Давлатбек шунида шуда, дар музокираи ин маъала директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия Қаршиев Панҷӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 15 майи соли 2017, №486 “Дар бораи барномаи миллии рушди донори хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2019” ва аз 20 январи соли 2017, №53 “Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017 – 2020” масъулин баромад намуда, нисбат ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори Шӯро ва Нақшаи чорабиниҳои Шӯро барои соли 2019 таҳия ва тасдиқ карад шуданд.