Ҳисоботи раиси ноҳияи Қубодиён дар соли 2018 дар иҷлосияи 17 Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати 5

Муҳтарам вакилони халқ,

Ҳозирини гиромӣ

 

Соли 2018 барои мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Қубодиён соли рӯйдодҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар ин сол, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, мақсад аз он тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии фарҳангӣ миллати тамаддунсози мо дар арсаи байналмиллалӣ буд.

Ҳамзамон мавриди истифода қарор дода шудани агрегати якуми неругоҳи барқии обии Роғун ҳамчун сохтмони иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ба татбиқи яке аз ҳадафҳои Стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ заминаи мустаҳкам гузошта шуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, мо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ вусъат дода, истифодабарии самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободӣ ва таҳкими имкониятҳои воқеии ноҳия амалӣ намоем.

  • қайд намуд, ки дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинон, ноҳия сол аз сол обод гардида, соли сипаришуда даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва савдо мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ҳамаи ин омилҳо ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия мусоидат намуда истодааст.

 

Вакилони муҳтарам,

Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда шуд, ки он пеш аз ҳама дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, саноатӣ, нақлиёт, савдо, хизматрасонӣ, баландшавии музди миёнаи меҳнат ва маблағгузориҳо тақвият бахшид.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 947 млн. сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,0 фоиз, ё ин ки 45 млн. сомонӣ зиёд буда, афзоиш ба соҳаи кишоварзӣ 2,1 фоиз, ба соҳаи саноат 9,3 фоиз ва дигар соҳаҳо 22,0 фоиз рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи андозҳои маҳаллӣ 100,3 фоиз таъмин карда шуда, ба буҷети ноҳия 28,2 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 91 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ба фонди ҳифзи иҷтимои аҳолӣ 19,3 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки ин 101,2 фоизи нақша, аз он ҷумла андози иҷтимоии буҷетӣ 101,6 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 100,6 фоиз таъмин гардид, ки 221 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Новобаста ба ин, корҳои анҷомдодашуда қаноатмандкунанда набуда, ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ 6,6 млн. сомонӣ бақияпулиҳои андозҳо боқӣ монда, бақияпулиҳо нисбати аввали соли равон 179 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла бақияпулиҳои андоз 558 ҳазор сомонӣ кам шуда бошад ҳам, бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ 737 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Бо мақсади истифодаи мақсаднок ва шаффофи маблағҳои буҷети маҳаллӣ, инчунин пешгирии хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ ва исрофкорӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар натиҷа қисми хароҷоти буҷети ноҳия 51,8 млн. сомонӣ таъмин гардид, ки ин 96,1 фоизи нақшаро ташкил намуда, қарздории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетии ноҳия вуҷуд надорад.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 20,9 млн. сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 2,2 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид гардида, ҳисоббаробаркунӣ 1,1 млн. сомониро дар бар гирифта, дар маҷмӯъ 24,2 млн. сомонӣ, ё ин ки 96,4 фоизро ташкил менамояд.

Вобаста ба ин, раёсати молияро зарур аст, ки барои муайян намудани сарчашмаҳои нави андозситонӣ ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷети маҳаллӣ диққати ҷиддӣ дода, ба қарздории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ дар оянда низ роҳ надиҳанд.

Тавре, ки қайд гардид дар давраи ҳисоботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати амалисозии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ, аз ҷумла андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ чораҳои дахлдор андешида, то имрӯз маблағи нафақахӯрони ноҳия моҳ ба моҳ, сари вақт пардохт карда мешавад.

Дар ноҳия 11820 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, маблағи моҳонаи онҳо 3,2 млн. сомонӣ ва ба ҳисоби миёна ба як нафақахӯр 267 сомонӣ рост омада, тибқи талаботи ёздаҳмоҳа 30,8 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Дар ин давра ба 3710 оилаи камбизоат ҷубронпулии хароҷоти истифодабарии қувваи барқ таъин карда шуда, бо ин мақсад барои моҳҳои январ - октябри соли ҷорӣ 765 ҳазор сомонӣ аз буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шуда, ба 4555 нафар хонанда кӯмакпулии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи нақша 91,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба 4407 нафар хонанда 88,1 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 96,8 фоиз аз буҷети маҳаллии ноҳия маблағҳо пардохт карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ ва шахсони саховатпеша бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маъюбон, кӯдакони ятим, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва оилаҳои эҳтиёҷманд дар маҷмӯъ ба маблағи 164,4 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ ва моддӣ расонида шуда, баргузории дастаҷамъонаи хатнасури хайриявии 20 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд.

Илова ба ин, аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия тибқи муроҷиати шаҳрвандон ва пешниҳоди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба шаҳрвандони ниёзманд 56,7 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақтаина расонида шудааст.

Дар ноҳия 32 нафар ятимони кул, аз ҷумла 14 нафар духтарон ва 18 нафар писарон ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ вобаст карда шуда, дар арафаи ҷашнгирии идҳо ба маблағи 22,3 ҳазор сомонӣ ба онҳо кӯмак расонида шуда, ин иқдом дар арафаи Соли нави мелодӣ идома меёбад.

Дар ин давра аз ҷониби шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 66 нафар эҳтиёҷмандон хизмати иҷтимоӣ расонида шудааст, ки аз ин 24 нафар маъюбон, 21 нафар пиронсолон, 17 нафар кӯдакони имконияташ маҳдуд, 1 нафар нобино, 2 нафар бепарастор ва 1 нафар собиқадор мебошанд.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани шаҳрвандони бекор, хусусан дар шароити имрӯза самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 883 нафар, аз он ҷумла 499 нафар занон бо кори доимӣ таъмин гардида, 39 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат бо дигарон рақобат карда наметавонанд, тариқи ҷойбандкунӣ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия, 25 нафар тариқи ташкили корҳои фардӣ ва 65 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шудааст.

Дар ноҳия 2064 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд, аз он ҷумла доимӣ 864, ғайридоимӣ 54, мавсимӣ 904 ва муваққатӣ 242 ҷойи корӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ 101 фоизи нақшаи солонаи таъсиси ҷойҳои кориро ташкил намуда, 11 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холӣ гузаронида, аз ин ҳисоб 105 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба 165 нафар кӯмакпулиҳо пардохт карда шуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занони хонашин ба касбомӯзӣ ва корҳои хонагӣ 245 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои адрасбофӣ, атласбофӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ, қуроқдӯзӣ ва попурдӯзӣ фаро гирифта шуда, дар давраи таҳсил бо идрорпулӣ таъмин карда шудаанд.

Новобаста аз корҳои анҷомдода, дар ноҳия имкониятҳои хеле зиёд барои ба шуғл ҷалб намудани кормандон мавҷуд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии дар ноҳия фаъолиятдошта ба соҳаҳои хоҷагии халқ 36,3 млн. сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 млн. сомонӣ зиёд буда, аз хориҷи кишвар 24,3 млн. доллари амрикоӣ интиқоли маблағ карда шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10,8 млн. доллари амрикоӣ кам мебошад.

Муҳтарам вакилон,

Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, истифодаи васеи технологияҳои пешқадам ва баланд бардоштани сатҳи техникии истеҳсолот омили рақобатпазир гардидани маҳсулот ба ҳисоб меравад.

Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ дар ёздаҳ моҳи соли равон ба маблағи 88,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 109,7 фоизро ташкил дода, 7,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бинобар сабаби бемасъулиятии масъулини соҳа дар давраи ҳисоботи корхонаҳои «Биби Ҳалима», «Бахтулло» «Маъруфхон» ва кооперативи истеҳсолии «Султони Азиз» аз фаъолият бозмонда, корхонаҳои Ориёно, «Ҳафизӣ», «Нашманхон», «Ёсин-2013», «Ҳоҷӣ Додарбек», Зариф-1, «Истеҳсолот» ва «Ороиши Диёр» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам кардааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳаддӣ ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини соҳаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дахлдор бо дарназардошти истифодаи васеи имконияту захираҳои мавҷуда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити мусоид барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, амалӣ намудани дархосту пешниҳодҳои соҳибкорон чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 15,5 млн. сомонӣ сармояи асосӣ ҷалб карда шуда, корҳои сохтмону васлкорӣ 14,7 млн. сомонӣ, фондҳои асосӣ ба маблағи 8,0 млн. сомонӣ ба кор андохта шуда, хонаҳои истиқоматӣ 7200 метри мураббаъ ба истифода дода шудааст, ки ин аз 133 то 215 фоизро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ташкил менамояд.

Мутаасифона аз ҷониби ташкилоти сохтмонии “Бинокор” дар ин давра корҳои пудратӣ иҷро карда нашуда, аз таҳлили соҳаи сохтмони ноҳия бармеояд, ки ҳолатҳои пурра ба ҳисоботҳои оморӣ дохил накардани корҳои сохтмонии иҷро гардида ба чашм мерасад.

Вобаста ба ин муовини соҳавии раиси ноҳия ва масъулони соҳа вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои зикргардида чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар баробари ин бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059, қарори раиси ноҳияи Қубодиён аз 5 июни соли 2018, №772 ба тасвиб расида, гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати пешбурди корҳои оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таъсис дода шуда, Нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии 128 банд бо теъдоди сохтмони 111 иншоот тасдиқ карда шудааст.

Тибқи нақша дар ноҳия то имрӯз сохтмони 31 адад иншоот, аз ҷумла 1 адад муассисаи таълимӣ, 1 адад нуқтаи хатнасур, 2 адад дорухона, 1 адад майдончаи варзишӣ, 1 адад меҳмонхона, 2 адад сартарошхона, 1 адад ҳаммом, 1 адад маркази савдо, 1 адад маркази хизматрасонӣ, 2 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 7 адад пул мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, 650 метри мураббаъ роҳи пиёдагард бо хишти роҳрав пушонида шуда, 13,5 км заҳбуру заҳкашҳо тоза гардида, 3,7 км шағалпуш, 4 км таъмири асосӣ ва 14 км таъмири чуқуричаҳо бо омехтаи сиёҳ корҳо ба итмом расонида шуда, корҳои сохтмонӣ дар 30 иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, марказҳои савдою хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ ва биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо маром идома дорад.

Дар ин давра коргоҳи дӯзандагию қаннодии “Мастура”, бинои нави оҷонсии филиали №52 Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” дар Ҷамоати деҳоти Навобод ба истифода дода шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия толорҳои шуъбаи фарҳанг, намоишгоҳи осорхонаи ноҳия ҷиҳати амалӣ гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз таъмири косметикӣ бароварда шуд.

Инчунин корҳои сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрав, бинои бисёрошёнагии истиқоматии 48 ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиён аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, корҳои ободонию бунёдкорӣ, сохтмони марказҳои хизматрасонию савдо, мактабпарваришгоҳ, бинои маъмурии шуъбаи маориф, муассисаи таълимии №44 ва дар асоси созишномаи байнидавлатии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сохтмони беморхонаи марказӣ бо маром идома дорад.

Инчунин аз тарафи Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ”-и Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникӣ” дар деҳаи Равшанобод ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрав барои 200 ҷойи хониш, хобгоҳ барои 100 ҷойи хоб оғоз гардид.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020” дар ҳамкорӣ бо вазорату ташкилотҳои ҷумҳуриявии масъул 21 лоиҳа ба маблағи 8,6 млн. сомонӣ амалӣ гардида, дар 28 лоиҳаи дигар корҳо ҷараён дошта, дар маҷмӯъ маблағи умумии он 22,9 млн. сомонӣ, ё ин ки 21 фоиз аз арзиши умумии Барномаро ташкил менамояд.

Аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохтмони биноҳои маркази савдою хизматрасонӣ, клиникаи хусусӣ, толори варзишӣ, ҳаммом, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ ҷараён дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди устувори ноҳия ва иҷрои лоиҳаҳои Барнома тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Дар Барнома тибқи лоиҳа сохтмони 30 адад иншоотҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳои ноҳия пешбинӣ гардида, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди андешидани тадбирҳои зарурӣ барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №797 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020” ба вазорату ташкилотҳои ҷумҳуриявии масъул то 1 феврали соли 2019 муҳлат додааст.

Бинобар ин, масъулини дахлдори соҳаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳуриявию вилоятӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ андешанд.

Дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истода, аз он ҷумла “Лоиҳаи минтақавии қувваи барқ”, “Лоиҳаи беҳтаркунонии хизматрасонии тиббӣ”, “Лоиҳаи дуюми таъмин шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ”, “Лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”, “Лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” ва “Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ” маблағи умумии азхудшуда дар доираи онҳо 4,44 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби соҳибкорон 12 адад лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла 3 адад лоиҳаи сармоягузорӣ ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 адад лоиҳаи сармоягузории грантӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 адад лоиҳаҳои сармоягузории грантӣ раиси вилояти Хатлон, 1 адад лоиҳаи сармоягузорӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 адад лоиҳаи сармоягузории грантӣ ба Барномаи рушди СММ, барои бунёди корхонаҳои дӯзандагӣ, паррандапарварӣ, қаннодӣ, гилембофӣ, бофандагӣ ва насб кардани пойгоҳи обкашӣ пешниҳод карда шудааст.

Барои беҳтар намудани ҳолати савдо ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ чораҳои дахлдор андешида шуда, ҳаҷми гардиши савдои чакана дар ҳамаи соҳаҳои савдо ба маблағи 98,2 млн. сомонӣ, ё ин ки 108,6 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 79,5 млн. сомонӣ, ё ин ки 100 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ ташкил менамояд.

Дар асоси қарори раиси ноҳияи Қубодиён аз 26 апрели соли 2018, №485 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуда, нақша чорабиниҳо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия тасдиқ карда шудааст.

Дар ситоди ноҳиявӣ ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия оиди иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии ноҳия бо мақсади захираи маводҳои сӯхт, ангишт, брикетҳои сӯзишворӣ, ҳезум ва хӯрокворӣ барои гузаронидани зимистонгузаронӣ, захираи миқдори зарурии маводҳои ниёзи мардум супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорон 90 тонна ангишт, 40 тонна картошка, 40 тонна пиёз, 5,4 тонна сабзӣ, 6,5 тонна мева, 40 тонна орд, 7,5 ҳазор литр равған, 7,5 тонна биринҷ, 9,5 тонна шакар, 2,3 ҳазор қуттӣ консерваи меваю сабзавот ва маводҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум дар нуқтаҳои савдо ба фуруш бароварда шудааст.

Дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорон дар 16 адад нуқтаи фурӯши гази моеъ ва 14 адад нуқтаҳои фурӯши ангишт дастрасии миқдори зарурии гази моеъ ва ангиштсанг ба роҳ монда шудааст.

Масъулини ҷамъияти матлуботи ноҳия, соҳибкорони марказҳо ва нуқтаҳои савдоро зарур аст, ки дар бозору марказҳои савдо ба маданияти бозордорӣ, ҳолати тозагӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, сару либоси фурӯшандагон, пешгирӣ аз сӯхтор ва ба фурӯш баровардани маҳсулотҳои пастсифату муҳлаташон гузашта тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти кори нақлиёти автомобили шахсони воқеӣ ба миқдори 470 ҳазор тонна бор ва 1720,2 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки мутаносибан 101,2 ва 100,3 фоизро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар бар мегирад.

Дар мувозинаи муассисаи нигоҳдории давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 178,5 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, аз он ҷумла роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмиллалидошта 34,5 км, маҳаллидошта 144 км, 17 адад пул ба дарозии 185 метри тӯлонӣ ва 248 адад қубур ба дарозии 2444 метри тӯлонӣ мавҷуд буда, ба мавсими зимистонгузаронӣ механизмҳои зарурӣ омода буда, захираи қум 273 метри кубӣ, намак 23 тонна, ҳезум 6 метри кубӣ, ангишт 1,0 тонна ва сӯзишвории дизелӣ 1600 литрро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз ҷониби муассиса ба маблағи 539 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 108 фоизи нақша таъмири нигоҳдории роҳҳо гузаронида шуда, аз ҳисоби соҳибкорону саҳми аҳолӣ маблағи умумии корҳои иҷрошуда оиди шағалпуш, таъмири асосӣ ва таъмири ҷорӣ 833 ҳазор сомониро ташкил менамояд.

Новобаста ба ин, барои суръат бахшидан ба корҳои таъмири асосии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, иваз намудани аломатҳои роҳ, инчунин дар ҳамкори бо соҳибкорон ва аҳолии Ҷамоатҳои деҳот оиди таъмиру шағалпуш намудани роҳҳои деҳаҳо тадбирҳои иловагӣ андешидан зарур мебошад.

Аз тарафи кормандони шабакаҳои барқи ноҳия ҳамаи намудҳои хатҳои барқӣ, коркарди изоляторҳо, зеристгоҳҳо аз назорат гузаронида шуда, корҳои таъмири ҳамарӯзаи хатти барқи иншоотҳои аввалиндараҷа зери назорати доимӣ қарор дорад.

Идораи шабакаҳои барқи ноҳия, дар ин давра ба маблағи 14,8 млн. сомонӣ қувваи барқи фоиданок қабул намуда, аз истифодабарии он 10,5 млн. сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки ин 71,0 фоизро дар бар мегирад.

Аҳолии ноҳия дар ин давра ба маблағи 7,6 млн. сомонӣ қувваи барқи фоиданок қабул намуда, 6,9 млн. сомонӣ маблағ пардохт намудааст, ки ин 90,9 фоизро ташкил менамояд.

Бақияпулиҳои истифодабарии нерӯи барқи фоиданок ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ 16,6 млн. сомониро дар бар гирифта, асосан аз ҳисоби идораи беҳдошти замин ва обёрӣ 1,9 млн. сомонӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ 12,9 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон ба Шабакаҳои барқи ноҳия лозим аст, ки корро дар самти дуруст ба роҳ мондани ҷамъоварии маблағҳои истифодабарии қувваи барқ, таъмини ҳармоҳаи ҷамъоварии маблағҳои истифодабарии нерӯи барқи фоиданок ва кам кардани бақияпулиҳои истифодабарии нерӯи барқ чораҷӯи намояд.

Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияро низ зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти нигоҳдории фонди манзил, тозагии муҳити зист, саривақт баровардани партовҳо, ободонию кабудизоркунӣ ва равшаннамоӣ беҳтар ба роҳ монад.

Мӯҳтарам вакилон,

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давра ба раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар аксарияти бахшҳои соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Натиҷаи ин мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 650 млн. сомонӣ, ё ин ки 102 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маҳсулотҳои кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки 13 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 17043 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, 12,7 ҳазор тонна картошка, 71,7 ҳазор тонна сабзавот, 36,0 ҳазор тонна полезӣ, 7,0 ҳазор тонна мевагиҳо, 5,1 ҳазор тонна ангур, 25,6 ҳазор тонна зироати хӯроки чорво, 7,3 ҳазор тонна гушт, 23,6 ҳазор тонна шир, 3,1 млн. дона тухм, 311 тонна пашм, 24,5 тонна пилла, 18,2 тонна асал ва 16 тонна гушти моҳӣ истеҳсол карда шудааст.

Дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони 13193 гектар кишти зироатҳо якҷоя бо тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 100,2 фоизро нисбати соли гузашта ташкил менамояд.

  • бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони 3422 гектар, дар хоҷагиҳои аҳолӣ 3565 гектар, дар маҷмӯъ 6987 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбати соли гузашта 162 гектар зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ба ҳолати 1 декабри соли равон дар майдони 608,6 гектар кишти зироатҳои барвақтӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162,4 гектар кам мебошад.

Бинобар сабаби беаҳамиятии раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Тахти Сангин 94,1 гектар, 20 солагии Истиқлол 23,5 гектар, Н.Хусрав 17,9 гектар, Заркамар 17,0 га, Навобод 14,1 га, И.Ниёзов 14,0 га ва У.Назаров 10 га нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти зироатҳои барвақтиро кам гузаронидаанд.

Бояд қайд намуд, ки мутахассисони раёсати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия пеш аз саршавии мавсими ҷамъоварӣ ҳосили биологии пахтаро дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия муайян карда, ҳосилнокии интизорӣ дар ноҳия ба ҳисоби миёна 21,5 с/га, ҳосили умумии пахта ба миқдори 16125 тоннаро ташкил намуда, имконияти иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳия мавҷуд буд.

Ба ҳолати 5 декабри соли 2018 ба корхонаҳои коркард 9030 тонна пахта супорида шудааст, ки ин 56 фоизи нақша буда, аз беаҳамиятӣ ва беназоратии масъулини соҳа, раисони ҷамоати деҳот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7575 тонна кам буда, дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳия таъмин нагардид.

Мувофиқи маълумотҳои раёсати кишоварзии ноҳия фарқияти супоридани пахта ба корхонаҳои коркард ва захираи пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 1089 тоннаро дар бар мегирад.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 3810,6 тонна, ё ин ки 100,3 фоизи дурнаморо дар бар мегирад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори ҳайвони калони шохдор 47976 сар, аз ҷумла модагов 26518 сар, ҳайвони майдаи шохдор 113360 сар, парранда 83109 сар, асп 1254 сар ва 1229 оилаи занбури асал нигоҳубин карда мешавад, ки нисбати дурнамо ва ҳамин давраи соли гузашта аз 100 то 104 фоизро ташкил менамояд.

Бо мақсади тайёр намудани заминаи хӯроки чорво барои зимистонгузаронӣ ба миқдори 22 ҳазор тонна хошоки дурушт, аз ҷумла 12 ҳазор тонна бедаи хушк ва 10 ҳазор тонна коҳ захира карда шудааст.

Дар ноҳия майдони умумии дарахтони бисёрсола 2662 гектар, аз ҷумла майдони боғот 1610 гектар, токзор 421 гектар, тутзор 342 гектар, ситрусӣ 265 гектар, ниҳолпарварӣ 14 гектар ва дигар намудҳои дарахтони бисёрсола 30 гектарро ташкил менамояд.

Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии ноҳия ба ҳисоб рафта, ҷиҳати ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ва корхонаҳои коркард бо ашёи хом, инчунин афзун намудани имкониятҳои содиротӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ мавқеи муайянеро ишғол менамояд.

Барои таъмини чорабиниҳои Барномаҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 аз тарафи масъулони соҳа имкониятҳои шахсони алоҳидаи аз ҷиҳати молиявӣ доро оиди зиёд намудани масоҳати боғу токзор, вобаста ба ҷойгиршавии навъҳо, дар минтақаҳои ноҳия аз ҳисоби заминҳои партов, аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, корами лалмӣ, чарогоҳ, алафзор, талу теппаҳо ва ғайрикишоварзии минтақаҳои бо намнокӣ таъминбуда ҷиҳати бунёди боғу токзор дастуру супоришҳои дода шуда, иҷрои он вобаста ба имкониятои мавҷуда пурра истифода бурда нашуда истодааст.

Дар соҳаи кишоварзӣ ҳоло ҳам камбудию норасогиҳо оиди таъмини иҷрои Барномаҳои соҳа, гузаронидани кишти зироатҳо дар мӯҳлатҳои муайяншуда, пурра ба ҳисоботҳои оморӣ дохил кардани маҳсулотҳои истеҳсолшуда, дар сатҳи паст қарор доштани шудгори хушсифати тирамоҳӣ, суст ба роҳ монда шудани хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ба назар мерасад.

Дар ноҳия 2397 адад заминистифодабаранда фаъолият намуда, 2254 адад бо шаҳодатномаи бақайдгирӣ таъмин буда, дар давраи ҳисоботӣ 338 адад қонунвайронкунии замин дар майдони 214 га ошкор карда шудааст.

Яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзӣ, ки ба рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонад бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳо буда, айни ҳол ҳолати мелиоративии 968 гектар замини корами обии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, бинобар сабаби баландшавии оби зеризаминӣ ва шуршавии таркиби хок беҳбудиро тақозо менамояд.

Бинобар ин дар ҳолати хуб нигоҳ доштани шабакаҳои обёрӣ ва ташкили дурусти таъминоти истифодабарандагони об аз пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ вобаста аст.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии об 2 млн. 40 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла 1 млн. 700 ҳазор сомониаш нақдӣ мебошад, маблағ ҷамъоварӣ намудааст.

Айни ҳол 17 км шабакаҳои обёрикунанда, 14 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуда, 12 адад иншоотҳои гидротехникӣ, 10 адад иншоотҳои обченкунӣ ва 18 адад чархҳои кории истгоҳҳои обкаш таъмир карда шуда, корҳо дар самти иҷрои чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ ҷараён дорад.

Дар ин давра хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 3,2 млн. сомонӣ қарздор буда, дар навбати худ қарзи Идораи мазкур 3,7 млн. сомонӣ, аз он ҷумла қарзҳои андоз 693 ҳазор сомонӣ, андози иҷтимоӣ 559 ҳазор сомонӣ ва қарзи қувваи барқ 2,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қарзи идора ба маблағи 643 ҳазор сомонӣ кам гардида, ҷамъоварии маблағи нақдӣ аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии об 589 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда, фаъолияти Идораи мазкур ва асотсиатсияҳои истифодабарандагони об оиди ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи хизматрасонии об беҳбудиро талаб менамояд.

Аз тарафи комиссияи ҷамъиятии ноҳия оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба 1996 нафар эҳтиёҷмандон дар майдони 265,5 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуда, бақияи замини тақсимнашуда 121,5 гектарро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва риояи дигар санаду меъёрҳои экологӣ ҷиҳати солим нигоҳ доштани муҳити зист, оқилона истифодабарии захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин давра дар субъектҳои хоҷагидории ноҳия 97 адад санҷишҳо гузаронида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 194 адад пешниҳодҳои иҷроишаш ҳатмӣ дода шуда, барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нисбати 76 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи 9,5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.

Новобаста аз ин, бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияро зарур аст, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти пурзӯр намудани назорати истифодабарӣ ва ба тартиб даровардани боғҳо, ниҳолшинонӣ, ташкили нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи аз истифода баромада, пешгирии партофтани партовҳо ба ҷуйборҳои обгузар, шустани мошин дар шоҳроҳҳо ва ғайра бартараф намуда, назорат ва фаъолиятро пурзӯр намояд.

Қобили зикр аст, ки то ҳанӯз захираву имкониятҳои ноҳия ҷиҳати зиёд намудани майдони гармхонаҳо, сардхонаҳо, кишти тирамоҳию барвақтӣ ва такрории зироатҳо, бунёди боғу токзори нав ҳамаҷониба ба таври дахлдор истифода намешавад.

Вобаста ба ин, раисони ҷамоатҳои деҳотро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо маъулони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар гузаронидани шудгори босифат, кишти зироатҳои барвақтӣ, инчунин минбаъд зиёд намудани майдони кишти пахта чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Сабзавоткории барвақтӣ ва истифодаи васеи гармхонаҳо боиси рӯёнидани ҳосил дар тамоми фаслҳои сол ва ба аҳолӣ пешкаш намудани маҳсулоти тару тоза омили ташкили ҷойҳои нави кориву баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки кишоварзони ноҳия дар бобати истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи зиёд дошта, бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ бояд бештар кӯшиш намоем.

 

Муҳтарам вакилон,

Масъалаҳои зина ба зина беҳтар намудани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, занон ва фарҳанг таҳти ғамхории доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия қарор дошта, барои пешрафти онҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида мешаванд.

Дар 61 адад муассисаҳои таълимӣ ноҳия 38482 нафар хонанда, аз он ҷумла 18570 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, шумораи омӯзгорон 2099 нафар, аз он ҷумла 1349 нафар занонро ташкил менамояд.

Ғайр аз ин дар ноҳия муассисаи таҳсилоти иловагӣ, маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия ва маркази рушди дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият намуда истодааст.

Барномаи компютеркунонӣ 103 фоиз таъмин гардида, муассисаҳои таълимӣ бо 1117 адад компютер ва 177 принтер таъмин гардидааст, ки ин ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури хонандагон ба технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ муассисаҳои таълимии ноҳия мусоидат менамояд.

Дар назди 32 адад муассисаҳои таълимии ноҳия Марказҳои инкишофи кӯдак амал мекунад, ки дар онҳо 940 нафар, аз он 410 нафарашон духтарон, инчунин дар 4 адад боғчаҳои бачагона 460 нафар, аз ҷумла 217 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Дар баробари пешравиҳо, дар соҳаи маориф бештар камбудию норасогиҳо ба чашм мерасанд, дар натиҷаи ин соли равон ягон хонандаи муасисаҳои таълимӣ дорандаи шаҳодатномаи сурх, дорандаи медали тилло ва нуқра нагашта, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ғолиб нагардида, танҳо барои иштирок сазовори ифтихорнома гаштанд.

Соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии ноҳияро 2283 нафар хонандагон хатм намуда, тариқи Маркази Миллӣ Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои касбию коллеҷҳо 1443 нафар дохил шудаанд, ки ин 63 фоиз, дохилшавӣ ба донишкадаҳои олӣ 655 нафар, ё ин ки 29 фоизро ташкил намуда, тибқи озмуни квотаи Президентӣ 22 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба донишкадаҳои олии кишвар роҳхат гирифтанд, ки ин ба талабот ҷавобгӯ нест.

Дар соҳаи маориф ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия барои дастрас намудани маводи сӯхт 477,3 ҳазор сомонӣ дар буҷети маҳаллӣ пешбинӣ шуда, 500,3 тонна ангишту брикетҳои сӯзишворӣ, 258 метри кубӣ ҳезум ва 400 литр сӯзишвории дизелӣ пурра таъмин гардида, дар муассисаҳои соҳа 1066 адад печкаҳои аловӣ бо дудбаро ва 55 адад генераторҳои барқӣ мавҷуд мебошад.

Дар мактаб-парваришгоҳи ноҳия 364 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки аз он 139 нафарашонро духтарон ташкил дода, ки ба онҳо 28 нафар омӯзгорон ва 28 нафар коргарон таълиму тарбия ва хизмат намуда, 20 нафар доимӣ зиндагонӣ карда, аз он 2 нафар духтарон, аз шумораи умумӣ 1 нафарашон ятими кулл ва 19 нафарашон бепадар мебошанд.

Дар коллеҷи омӯзгорӣ 22 нафар омӯзгорони маълумоти олидор ба таълиму тарбия сафарбар карда шуда, аз онҳо 3 нафар омӯзгорон дорои номзади илмҳои педагогӣ, 3 нафар ҳамкор, аз шумораи умумӣ 12 нафар бо дараҷаи олӣ фаъолият намуда, дар шуъбаи рӯзонаи коллеҷи омӯзгорӣ 166 нафар, аз он 112 нафар духтарон, дар шуъбаи ғоибона 488 нафар, аз он 358 нафар духтарон таҳсил менамоянд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Қубодиён» 253 нафар таҳсил намуда истода, онҳо бо ихтисосҳои кафшергари барқӣ, дӯзандагӣ, барқчӣ, омӯзиши барномаи компютерӣ, тракторчӣ-мошинчии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ронанда фаро гирифта шудааст.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини соҳаро лозим аст, ки дар самти беҳтар ба роҳ мондани сатҳи таълиму тарбия, давомоти хонандагон, сару либоси хонандагон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои алоҳида бо мақомоти дахлдор ва аҳли ҷомеа доир ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, пешгирӣ кардани ҳолатҳои аз таҳсил берун мондани наврасон, хусусан духтарон тадбирҳои мушаххасро амалӣ созанд.

Ҳамасола бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмон ва таъмиру барқарорсозии бунгоҳу марказҳои саломатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар ноҳия сохтори госпиталӣ, 3 адад беморхонаи рақамӣ, 1 маркази саломатии марказӣ, 16 адад маркази саломатии деҳотӣ, 34 адад бунгоҳҳои саломатии деҳотӣ, маркази бемориҳои пусту зуҳравӣ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, маркази ташаккули тарзи ҳайёти солим, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази зидди бемориҳои сил, маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои норасоии масъунияти одам ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

  • муассисаи кӯмаки аввалияи тиббии саломатии ноҳия 73 духтурон ва 265 нафар кормандони миёнаи тибб, дар сохтори госпиталии ноҳия 80 нафар духтурон ва 340 нафар кормандони миёнаи тибб, ҷамъ дар ноҳия 153 нафар духтурон ва 605 нафар кормандони миёнаи тибб фаъолият намуда, духтурони аълочиёни соҳаи тандурустӣ 5 нафар, духтурони категорияи олӣ 34 нафар, духтурони категорияи якум 14 нафар ва духтурони категорияи дуюм 35 нафарро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаҳои сохтори госпиталӣ ва беморхонаҳои рақамии ноҳия 12073 нафар бистарӣ шуда, 11965 нафар ҷавоб шудааст, ки ин 99,1 фоизро ташкил менамояд.

Мавриди зикр аст, ки дар муасисаи кӯмаки аввалияи тиббии саломатии ноҳия 4 нафар духтурони тибби оилавӣ ва 1 нафар равоншинос нарасида, аз 16 адад марказҳои саломатии деҳотӣ 2 ададаш таъмирталаб буда, 1 ададаш дар бинои иҷоравӣ фаъолият дорад, аз 34 адад бунгоҳҳои саломатии деҳотии фаъолият дошта, 4 адад ба таъмир эҳтиёҷ дошта, 3 адад дар хонаҳои шахсӣ, 4 адад дар мактабҳо, 1 адад дар бинои иҷоравӣ ва 1 ададаш бино надоранд.

Вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия муътадил бошад, ҳам ба ҳамаи чораҳои андешида шуда нигоҳ накарда, дар давраи ҳисоботӣ шумораи бемориҳои зардпарвин 20 нафар, сил 13 нафар, фалаҷи шадиди суст 6 нафар, исхоли хунин 2 нафар, микроспория 2 нафар ва сӯхтанӣ 2 нафар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли равон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия барои иҷро накардани пешниҳодҳои санитарӣ, санадҳо ва риоя накардан ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ 327 протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 34,9 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда, фаъолияти 92 адад иншоотҳо барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта муваққатан боз дошта шудааст.

 

Муҳтарам вакилон,

Баҳри эҳё сохтани анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маданияту фарҳанг, тарбияи фарҳангии мардум кормандони бахши фарҳанги ноҳия дар ин давра як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд.

Бахши фарҳанги ноҳия аз 4 маркази фарҳанги-фароғатӣ, 1 осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат ва 18 китобхонаи оммавӣ иборат буда, дар онҳо 94 нафар кормандон фаъолият менамоянд.

Бо вуҷуди пешравиҳо, фаъолияти китобхонаҳои деҳотӣ ва марказҳои фарҳангӣ беҳбудиро тақозо менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон, дар ҳаёти ҷомеа пайваста диққати ҷиддӣ медиҳад.

Дар ноҳия 91,4 ҳазор нафар занон фаъолияту зиндагонӣ доранд, ки аз он 16,2 ҳазор нафарашон қувваи қобили меҳнат буда, 127 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият менамоянд.

Тибқи маълумотҳо дар давраи ҳисоботӣ 111 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳолат кам мебошад.

Бо вуҷуди ин то ҳол ҳолатҳои номатлуб аз тарафи занҳо аз байн нарафта, дар ин давра 11 нафар занон ҷиноят содир намуда, 2 нафар худкушӣ карда ва суиқасд ба ҷони худ 1 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Вобаста ба ин, масъулини бахшҳои кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро зарур аст, ки якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати вусъат додани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ дар байни занону духтарон, оид ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии худсӯзию худкушӣ, даст задан ба корҳои номатлуб ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои иловагӣ чораҷӯи намоянд.

Дар ноҳия 55,3 ҳазор нафар ҷавонон, аз он ҷумла 27,1 ҳазор нафар духтарон кору зиндагонӣ намуда, онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ фаъолона ширкат карда, шумораи ҷавонони роҳбарикунанда 72 нафар, аз он 25 нафар занон мебошанд.

Бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳия як мактаби варзишии кӯдакону наврасон фаъолият дошта, дар ноҳия 8 адад варзишгоҳ, аз ҷумла 2 майдони варзишӣ бо ҷойи нишаст, 7 адад толори варзишӣ, 52 майдончаҳои варзишӣ аз рӯи намуди футбол, 29 майдончаҳои баскетбол, 60 адад майдончаҳо барои волейбол ва 8 адад майдончаҳои варзишӣ барои туби дастӣ фаъолият доранд.

Дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 51 медал, аз ҷумла, 9 медали тилло, 12 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра аз ҷониби ҷавонон 35 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 ҷиноят кам мебошад.

Дар баробари ин ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла шомил шудани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ, террористӣ ва иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии кишварҳои хориҷ, аз масъулини бахши ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф, Шумо вакилони мӯҳтарам ва умуман аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақозо менамояд, ки дар самти беҳтар гардонидани вазъи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои судманд андешем.

Ба ҳамаи тадбирҳои андешида шуда нигоҳ накарда, фаъолияти комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” беҳбудиро талаб менамояд.

Дар 11 моҳи соли равон аз тарафи ноболиғон 3 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҷиноят зиёд мебошад. Ҳамзамон 5 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.

Дар ноҳия 5 масҷиди ҷомеъ ва 75 масҷидҳои панҷвақта фаъолият намуда истода, аз ҷониби бахш оид ба корҳои дин, танзими ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 7 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, 96 ҳолати содир намудани қонуншиканӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ пешгирӣ карда шудааст.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, то ҳанӯз аз ҷониби баъзе масъулини соҳа ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳангоми гузаронидани маросимҳо ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” беэътиноӣ зоҳир менамоянд.

Бинобар ин, бахши дин, танзими расму оинҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин сармутахасисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор карда мешаванд, ки барои риояи ҳатмии муқаррароти қонун аз ҷониби ҳамаи табақаҳои ҷомеа назорати доимиро ба роҳ монда, дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва назорати пайвастаи риояи қонуни мазкурро дар маҳалҳо таъмин намоянд.

Иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаю маҷалаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ барои соли 2018 ба ҳолати 10 декабри соли равон 95,9 фоиз таъмин гардид.

Ҳайати эҷодии рузномаи ноҳиявии «Тахти Қубод» мақолаҳои таҳлилиро бахшида ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия руи саҳифа оварда, нақшаи обунаро 2800 нусха, ё ин ки 90,3 фоиз иҷро намуданд.

 

Муҳтарам вакилон,

  • соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия фаъолияти худро дар самти пешгириву ошкор кардани ҷинояткорӣ ва мубориза ба зидди қонуншиканӣ баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқукӣ роҳандозӣ намуда, дар ёздаҳ моҳи соли 2018 ба қайдгирии ҷиноят 171 ададро ташкил намуда, кушодашавии он 93,9 фоизро дар бар мегирад.

Новобаста ба тадбирҳои амалигардида ҳолати корҳои ташкиливу оммавӣ, ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта, қабули шаҳрвандон, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва амалисозии тадбирҳои созанда дар ноҳия қаноаткунанда набуда, таҳлили коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон гувоҳи он аст, ки ҳоло ҳам нисбати арзу шикоятҳои сокинони ноҳия аз тарафи мақомотҳои дахлдор беэътиноӣ зоҳир намуда, нисбат ба онҳо эътибори лозимӣ намедиҳанд, ки дар натиҷа сабабгори муроҷиати такрорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вилоят ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 5746 ариза, аз дастгоҳи раиси вилоят 12 ва дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ариза ворид гардидааст.

Бинобар ин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳоро лозим аст, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои додашуда, пеш аз ҳама дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, қабули шаҳрвандон ва баррасӣ намудани арзу муроҷиатҳои онҳо таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир намуда, доир ба рафъи саривақтии норасоиҳои мавҷуда мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

 

Вакилони муҳтарам,

Ҳозирини гиромӣ

Дар маҷмӯъ гарчанде, ки мо ба як қатор дастовардҳо ноил шуда бошем ҳам, вале ҳанӯз нишондиҳандаҳои бадастомада талаботи имрӯзаро қонеъ гардонида наметавонанд.

Дар ноҳия воситаву имкониятҳои дохилӣ барои боз ҳам суръат бахшидани рушди иқтисодиёт ва дар ин замина тадриҷан беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ хеле зиёданд ва аз мо танҳо масъулияти баландро талаб менамояд.

Фаромӯш набояд кард, ки вазифаи хизматӣ, мову шумо вакилони мӯҳтарам, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро водор месозад, ки бо кору амалҳои неки созандаи худ барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми арзандаи хешро дареғ надорем.

 

Вакилони муҳтарам,

Ҳозирини гиромӣ

Бо назардошти он, ки дар арафаи ҷамъбасти соли 2018 ва ҷашнгирии Соли нави мелодии 2019 қарор дорем, ҳамаи Шуморо бо фарорасии Соли нав табрик гуфта, дар арафаи соли нав роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва дигар сохтору мақомоти давлатиро зарур аст, ки доир ба масъалаи расонидани кӯмаку дастгирии ҳамаҷониба ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва бепарасторон, чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба кишту кор, бунёди боғу токзор, ниҳолшинонӣ, зимистонгузаронии соҳаҳо, корҳои ободониву созандагӣ, бунёду таъмири роҳҳо ва идомаи иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиситон тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.

Итминон дорам, ки ҳар яки Шумо иҷрои вазифаву масъулияти ба зимаатон вогузор шударо минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, дасту дили гарм ва азму иродаи қавӣ, нангу номуси ватандорӣ таъмин намуда, барои ояндаи неки сарзамини аҷдодиамон, саҳми сазовори худро гузошта, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии соли 2018-умро бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ҷамъбаст хоҳед кард.

Бо чунин ниятҳои нек ба Шумо барори кор ва иқболи баланд орзу менамоям!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.