Иҷлосияи 17 Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия Зафар Файзуллозода баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия нахуст ҳисоботи раиси ноҳия дар соли 2018 шунида шуд.
Ҳамчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраки Қубодиён, деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов, Носири Хусрав вобаста ба фаъолияти солонаи ҷамоатҳои мазкур дар назди вакилон гузориш манзур намуданд.
Шарипова Тоҷинисо, муовини раиси ноҳия аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳисобот дода, ба масъулин оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт дастуру супоришҳо дода шуд.
Аз рӯйи масъалаи дигари рӯзнома – дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2017 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2019 Раҳимов Нурулло, сардори Раёсати молияи ноҳия баромад намуда, аз рӯйи ин ва дигар масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.