Худованд мефармояд: «Ба монанди касоне набошед, ки баъд аз он, ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва ба якдигар ихтилоф карданд ва он гурӯҳро азоби бузург аст». (сураи Оли Имрон ояти 105)
Худованд дар ин оят инсонҳоро ба ваҳдат, дӯстӣ, иттифоқ ва сарҷамъӣ ҳидоят намуда аз парокандагиву нифоқу тафриқаандозӣ манъ менамояд.
Албатта, дар рӯзи қиёмат барои ин гурӯҳҳои тафриқаандоз азоби дарднок аст. ҲНИТ зери ин ваъиди илоҳӣ қарор мегирад, зеро аксари мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусулмон мебошад ва ҲНИТ дар байни мусулмонон тафриқа андохта, худашонро як ҳизби алоҳида эълон намуда, дигаронро ба мунофиқӣ ва фосиқӣ гунаҳкор мекарданд. Вале дар асл чигуна будани онҳо маълум шуд, зеро офтобро бо доман пӯшонда намешавад.
Ҳизби террорист буданашонро ба ҳама нишон додаанд, зеро воқеаҳои соли 1992-юмро бо далелҳои бисёр ба ин ҳизб нисбат медиҳанд. Худованд ҳизбгароиро манъ кардааст ва дар Қуръони карим сураи ҳаст бо номи Аҳзоб (Ҳизбҳо), ки ин ҳизбҳо гурӯҳҳои буданд ва аз мушрикони араб ва яҳудиён, ки бар Паёмбар(с) ба ҷанг ба Мадина омада буданд.
Дар замони Паёмбар (с) ҳизб ва ё гурӯҳ набуд фақат мунофиқон буданд, ки масҷиди алоҳида бино карданд Паёмбар (с) онро хароб кард.
Аз ин ҷиҳат барои мо ҳизб ё гурӯҳ лозим нест, ҳизби мо ин ақидаи мусулмонии мо аст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳуқуқи инсон ва озодии виҷдон ҳифз карда шудааст, дин озод аст ва ҳаркас метавонад озодона вазифаҳои диниашро адо намояд. Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон мардумро ба ду гурӯҳ тақсим намуд ва вазъияти ҷумҳуриро ноором сохт. Бинобар ин ба ҷазои илоҳӣ ва нафрати мардум гирифтор шуданд.
Моро зарур аст, ки дар атрофии Пешвои миллат муттаҳид шуда, барои ободӣ ва пешрафту тарақиёти Ватани азизамон ва дини муқаддасамон тамоми ҳастиамонро ба харҷ диҳем.
Имомхатиби масҷиди ҷомеъи ба номи Эмом Раббонӣ
дар Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин ноҳияи Қубодиён Комилов А.