ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪИИ ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “МАРДИ РОҲ”

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамошои дастаҷамъии филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” баргузор гардид, ки дар он кормандони сохторҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои ҳамшафат иштирок намуаднд.

5.jpgГуфта мешавад, филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» ба ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Мақсад аз намоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тамошои дастаҷамъии филми мазкур дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба таври дастаҷамъона сурат гирифт.

2.jpgПас аз анҷоми намоиш бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аксия таҳти унвони “Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем, Пайравони Пешвои миллатем доир” доир намуда, дар доираи ин чорабинӣ зиёда аз 300 брошюра бо муҳтавои хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор ва сокинони ноҳия тақсим карда шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.