Озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои  холии зерин озмун эълон менамояд.

Дастгоҳи раиси ноҳия

1. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия 1-ҷой, музди маош- 804,00 сомонӣ.

Сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

1. Мутахассисиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1-ҷой, музди маош -804,00 сомонӣ.

2. Мутахассисиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1-ҷой, музди маош -804,00 сомонӣ.

3. Мутахассисиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1-ҷой, музди маош -804,00 сомонӣ.

4. Сармутахассис-чорводори раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён 1-ҷой, музди маош-984,00 сомонӣ.

5. Сармутахассис-иқтисодчии раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён 1-ҷой, музди маош-984,00 сомонӣ.

6. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 2-ҷой, музди маош-804,00 сомонӣ.

7. Мутахассиси пешбари раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён 1-ҷой, музди маош-804,00 сомонӣ.

8. Мутахассиси раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён 1-ҷой, музди маош-630,00 сомонӣ.

Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия

1. Сармутахассис заминсози Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳия-1 ҷой, музди маош- 984,00 сомонӣ.

2. Сармутахассис заминсози Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳия-1 ҷой, музди маош- 984,00 сомонӣ.

3. Сармутахассис оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Заркамар ноҳия 1-ҷой, музди маош-984,00 сомонӣ.

4. Сармутахассис оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти ба номи И.Ниёзови ноҳия 1-ҷой, музди маош-984,00 сомонӣ.

5. Сармутахассис заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи И.Ниёзови ноҳия 1-ҷой, музди маош-984,00 сомонӣ.

6. Сармутахассис заминсози Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳия-1 ҷой, музди маош- 984,00 сомонӣ.

7. Сармутахассис заминсози Ҷамоати деҳоти Навобод-1 ҷой, музди маош- 984,00 сомонӣ.

8. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Қубодиён-1 ҷой, музди маош-804,00 сомонӣ.

9.Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳия-1 ҷой, музди маош- 804,00 сомонӣ.

10. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрави ноҳия-1 ҷой, музди маош- 804,00 сомонӣ.

11. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрави ноҳия 1-ҷой, музди маош-804,00 сомонӣ.

12. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳия 1-ҷой, музди маош-804,00 сомонӣ.

13. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳия 1-ҷой, музди маош-804,00 сомонӣ.

14. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳия-1 ҷой, музди маош- 804,00 сомонӣ.

15. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия-1 ҷой, музди маош- 804,00 сомонӣ.

16. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳия-2 ҷой, музди маош- 630,00 сомонӣ.

17. Мутахассис оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрави ноҳия 1-ҷой, музди маош-630,00 сомонӣ.

  Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони роҳбари мақомот;

-варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

-шарҳи ҳол;

-нусхаи диплом;

-2-дона расми 3х4;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

-нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

-хислатнома;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ муқарраргардида;

-маълумотнома (справка-объективка);

-маълумотномаи доғи судӣ.

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба талаботи тахассусӣ таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи  умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

Талаботи тахассусӣ таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда  мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

Талаботи тахассусӣ таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои ишғоли мансаби мутахассис

Талаботи тахассусӣ таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати шаҳраки Қубодиён, кучаи И. Сомонӣ-37, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён.

Телефон барои тамос: 8(3251) 2-21-68, 93-515-12-02  

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.