Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Душанбе аз 14-16 декабри соли 2018 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Таэквон – до (ИТФ) байни наврасон баргузор гардид, ки дар он дастаи варзишгарони ноҳия иштирок намуданд.
Доир ба рафти мусобиқа бо раиси Федератсияи Таэквондои вилояти Хатлон, директори муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия Мирзосафар Кулулов суҳбат доштем.
Нахуст мегуфтед, ки аз ин мусобиқа бо чӣ дастовардҳо баргаштед?
Хушбахтона, варзишгарони мо дар ин мусобиқа маҳорат ва тактикаи хуб нишон доданд ва тавонистанд ба хона бо 3 медали тило, 3 нуқра ва 12 медали биринҷӣ баргарданд, ки дар маҷмӯъ 18 медали мусобиқаи ҷумҳуриявиро ташкил медиҳанд.
Дар мусобиқа чанд даста иштирок кард?
Аз тамоми ҷумҳурӣ 10 даста иштирок дошт. Бояд гуфт, ки ин дастаҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоят қувваозмоӣ намуда, танҳо даҳ дастаи беҳтарин тавонистанд, ки дар ин мусобиқа ширкат кунанд.
Ин дастаҳо аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе, як даста аз вилояти Хатлон, яъне дастаи мо, аз вилояти Суғд ду даста, аз шаҳри Турсунзода ду даста ва як даста аз шаҳри Ваҳдат буданд.
Дастаи ноҳия барои ин мусобиқа чӣ андоза омодагӣ дида буд?
Барои иштирок дар ин мусобиқа давоми ду моҳ тамрин мегузаронидем. Беҳтаринҳо аз ноҳия дар ин мусобиқа ширкат карданд.
Дар дастаи таэквондочиёни ноҳия чанд варзишгар буд?
Ба таври мунтахаб 22 нафар варзишгар, аз ҷумла 8 нафар духтарон барои ширкат дар ин мусобиқа интихоб гардида буданд ва ду довар низ аз ноҳияи мо дар мусобиқа доварӣ намуданд.
Шумо гуфтед, ки се медали тило ба даст овардед. Гирандагони ин медалҳоро номбар карда метавонед?
Дар вазни 42 кг Низомов Исроил дар даври ниҳои ба варзишгар аз вилояти Суғд бо нишондоди 4:0 ғалаба намуд.
Ҳамчунин Саидова Соила дар вазни +50кг ба варзишгар аз шаҳри Душанбе бо 2 бартарӣ ғалаба кард.
Талохов Эмомалӣ дар вазни 30 кг варзишгари шаҳри Душанберо бо нишондоди 4:0 шикаст дод.
Аз дастовардҳои умумии мусобиқа дастаи ноҳия оё соҳиби ягон мақом шуд?
Албатта дастаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дастовардҳояшон дар маҷмӯъ ба ҳисоб гирифта мешаванд ва бинобар ин боварӣ дорем, ки дастаи мо баъди шаҳри Душанбе дар ҷойи дуввум қарор гирифт.
Қаблан аз рӯйи ин намудаин варзиш соҳиби чунин дастовард гардида будед.
Бояд қайд намоям, ки ин бори аввал мебошад, ки дастаи Таэквондочиёни ноҳия дар як мусобиқа соҳиби 18 медал гардида бошанд.
Оё дар ноҳия барои қадрдонии варзишгарон дар ҳолати тантанавӣ ягон нақша доред.
Роҳбарияти ноҳия ин дастоварди варзишгаронро хеле самимӣ пазируфт ва тасмим гирифта шуд, ки дар арафаи ҷашнҳои дарпешистода барои ҳавасманд гардонидани варзишгарон оид ба дастоварди онҳо дар ҳолати тантанавӣ ғолибони ин мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Барои суҳбат ташаккур мегӯем ва дар оянда бароятон муваффақиятҳо орзумандем.
Саломат бошед.