Имрӯз дар толори қасри фарҳанги ноҳия маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи футболи ноҳия – “Пахтакор”, ки ғолиби Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дастаҳои лигаи 2 дар соли 2018 гардида буд, баргузор гардид.
Дастаи “Пахтакор” бо ин ғалаба Ҷоми ин мусобиқаро ба даст овард ва ба лигаи 1-ум роҳхат гирифт.
Дар маросими тантанавии тадқими Ҷоми мусобиқа, ифтихорнома ва медалҳо барои ҷойи якум раиси ноҳия Файзуллозода Зафар ва раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов иштирок намуданд.
Раиси ноҳия ба муносибати ғалабаи дастаи “Пахтакор” футболбозон, варзишгарон ва тамоми сокинони ноҳияро табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста баҳри беҳтар намудани шароити варзишгарон чораҳои дахлдор андешида, дар тамоми мусобиқаҳо варзишгаронро дастгирӣ менамояд. “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён тамоми кӯшишу талошро баҳри рушду пешрафти соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол равона намуда, баргузории мусобиқаҳои ин намуди варзишро таҳти назорати доимӣ қарор додааст”- изҳор дошт раиси ноҳия.
Раиси федератсияи футболи вилоят Исроил Шарипов зимни сухании худ гуфт, ки дастаи “Пахтакор” дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дастаҳои лигаи 2 бозии намунавӣ нишон дода, ба ин дастовард ноил гардид. Ӯ ба ин мвуносибат тамоми сокинони ноҳияро табрик намуда, ба дастаи “Пахтакор” барои бозӣ дар лигаи 1 барору комёбӣ ва муваффақият таманно намуд.
Сипас раиси федератсияи футболи вилоят барои раиси ноҳия барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи варзиш, дастгирии ин соҳа ва ҳамкории судманд ифтихорнома ва медали ҷойи якумро тадқим намуд.
Ба ҳамин тартиб Ҷоми мусобиқа ва медалҳо барои ҷойи якум ба футболбозон ва ҳайати мураббиёни даста дар ҳолати тантанавӣ тақдим карда шуд.
Гуфта мешавад, рӯзи гузашта низ мусобиқа оид ба футболи хурд байниташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори раиси суди ноҳия ҷамъбаст гардида, ғолиби мусобиқа дастаи “Варзиш”-и суди ноҳия дониста шуд. Раиси ноҳия ғолибони ин мусобиқаро низ табрик намуда, Ҷоми мусобиқа ва медалҳо барои ҷойи якумро ба ғолибон тадқим намуд.
Дар робита ба бозиҳои дастаи “Пахтакор” бояд қайд намуд, ки ин даста дар Чемпионати мазкур 12 бозиро бо 8 ғалаба, 3 бохт ва як мусовӣ анҷом додааст. Ба дарвозаи ҳарифони худ 27 гол ворид намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 25 хол гардидааст.
Пас аз анҷоми маросими тақдими ҷоизаҳо бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.