Харонро намояд ҳар шаб ба хоб,
Ки полонгаронро бурдаст об.
Саҳар чу полон ба пушташ ниҳанд,
Бидонанд ки полонгарон зиндаанд.
Тазоҳуроте ки дар назди бинои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон аз тарафи намояндагони ТЭТ наҳзат ба вуқӯъ омад, нишон медиҳад, ки ин гурӯҳи терористӣ боз ҳам дар садади бадном кардани кишвари азизамон Тоҷикистон мебошанд.
Чӣ тавре ки маълум шуд, дар ин тазоҳурот саркадаҳои ин ҳизби терористӣ баромад намуда ба қавли худ баёнияе ба Бундестаги Олмон қабул намуданд, ки дар зер баъзе гуфтаҳои онҳоро шарҳ медиҳам.
Онҳо даъво доранд, ки дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ҳуқуқи онҳо дар Тоҷикистон поймол ва аз тарафи мақомот нодида гирифта мешавад.
Биёед диққат бидиҳем, ки озодие, ки ба онҳо дода шуд, аз ин озодӣ онҳо сӯистифода намуда барои ноором сохтани ҷомеаи Тоҷикистон чӣ корҳое накарданд. Ҳатто даст ба амалиётҳои низомӣ низ заданд, ки худи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим гувоҳи ин гуфтаҳост.
Ва низ мегӯянд, ки Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба дигарандешон ва мухолифони худ сахттарин сиёсатҳоро дар пеш гирифтааст.
Оё ин дуруст аст? Ҳаргиз на. Зеро дар фазои Тоҷикистон ҳизбҳои гуногун амал карда истодааст ва касе ба онҳо фишор намеоранд, зеро амали онҳо на ба роҳи терористӣ, монанди ТЭТ ҲНИ, балки ба роҳи демократӣ рафта истодааст ва агар Ҳукумати Тоҷикистон ба мухолифони худ, чунон ки онҳо мегӯянд, фишори сахт меоваранд, пас касоне аз ҳамон гурӯҳ аз кардаи худ пушаймон шудаанд ва баргаштанд ва аз хатоиҳои худ дар назди мардум узурхоҳӣ намуданд, озодии комил ба онҳо дода шуд ва касе аз онҳо ба ҷазо кашида нашуд. Оё ин гувоҳи он нест, ки Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони худ сиёсати дарҳои кушода дорад, ки касе сидқан аз кардаҳои худ пушаймон шавад бахшида мешавад?! Дар кадом давлат дида мешавад, ки ба касоне, ки дар гурӯҳҳои террористӣ амал намуда, боз ба ватани худ баргардад, авф мешавад?
Дар ягон кишвари дигар чунин кор дида намешавад.
Ва низ даъво доранд ки Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти бузургтарин ҳизби мухолифи худро қатъ намуд.
Оё онҳо намедонанд ки ба чӣ кор машғул буданд. Онҳо дар фикри ҷудоӣ андохтан байни мардуми мусалмони кишвар буданд ва мехостанд, ки монанди солҳои 90 асри гузашта мардумро ба ду гурӯҳ тақсим намуда, ба ин восита ниятҳои шуми худро пиёда сохта, ба ҳадаф расанд. Бехабар аз ин ки Тоҷикистон монанди солҳои навадум асри гузашта нест. Тоҷикистон роҳбар дорад ва ин роҳбар дар ғами мардуми кишвар мебошад, ки пеши ин амалҳои шуморо гирифт. Пайомбари Худо (с) мегӯяд:
“Касе ки набошад байни уммати ман ҷудои андозад ӯро гардан бизанед”.
Пас ин амалҳои Ҳукумати кишвар чӣ аз манъ кардани ҲНИ ва чӣ аз боздошти аъзои фаъоли онҳо ин ҳама барои тенҷӣ ва осоиштагии мардуми кишвар мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба шумо ҳам кина надорад, агар сидқан омада монанди Аёмуддин Саторов дар назди мардуми Тоҷикистон аз кирдорҳои ғайриқонунии худ бахшиш бипурсед, шуморо ҳам авф менмоянд, ки ин низ сиёсати одилонаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ман мақолаи худро ба чор мисраъ шеъри ҳазрати шайх Саъдӣ ифтитоҳ намудам ки гувоҳи ҳоли ин гурӯҳи ТЭТ ҲНИ мебошад, ки мегӯяд:
Харҳо ҳар шаб дар хоб мебинанд ки полонгаронро об бурдааст аммо чун рӯз шавад полон ба пушташон ки монданд, мефаҳманд, ки полонгарон зиндаанд, инҳо ҳам хаёл мекунанд ки боз мо ба Тоҷикистон меоем ва ҳамон харигарии худро мекунем, аммо бехабар аз он ки мардуми Тоҷикистон аз ниятҳои бади шумо огоҳ гаштаанд ва намехоҳанд, ки дубора чеҳраи шуми шуморо бинанд. Дар охир гуфтаниам ки бояд шукргузори Худованди бузург бошем, ки ба фазли Худо ва сиёсати дурандешонаи Пешвои Миллат мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз ин вартаи ҳалокат раҳо ёфта, мардуми он дар амн ва осоиш зиндагӣ доранд. Ва барои ҳар фарди ҷомеа зарур аст, ки ин тенҷӣ ва амониро тарафдор бошад. Хусусан ҷавонон бояд аз суханҳои макоронаи ин гурӯҳ фирефта нашаванд, нияти онҳо нияти бад аст. Онҳо фақат дар пайи ҷудоиандозӣ дар байни мардум мебошад, ки ба хости Худованд ба мақсади нопоки худ намерасанд.
Сархатиби масҷиди ҷомеи маркази ноҳияи Қубодиён Қарчиев Зайниддин