Санаи 1-2 декабри соли равон мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба Таэквон-до (ИТФ), ки дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон доир гашт, Шодиев Бузургмеҳр – варзишгари ноҳияи Қубодиён дар байни ҳарифони худ дар вазни 85 кг сазовори ҷойи сеюм гашта, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Ба ин муносибат раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода бо варзишгар вохӯрӣ намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ба даст овардани ҷойзаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани парчами давлатӣ изҳори сипос намуда, ба номбурда дар фаъолияти минбаъдаи варзишӣ барору комбӣ орзу намуд.