НАҲЗАТИЁНИ МИТИНГБОЗ МИСЛИ ШАЙТОН ДОИМО НОУМЕДУ НОКОМАНД

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давоми 27 соли истиқлолият чӣ аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Хурду бузурги диёрамон бо руҳбаландӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи мамлакат ва эътимод бо фардои ободу осудаи кишвар карда, барои гул-гулшукуфоии мамлакат меҳнат карда истодаанд. Ҳамаи ин нишонаҳои он аст, ки мардуми Тоҷикистони азиз ба қадри сулҳу суботи кишвар мерасанд, мехоҳанд дар фазои орому осуда кору зиндаги дошта бошанд ва дар кори ободониву созандагии Ватани худ саҳми муносиб гузоранд.

Кишварҳои мутараққии ҷаҳон, ки мардумонашон мувофиқи ақида, афкори сиёсӣ ва дигар ҷанбаҳои зиндагӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун шомиланд, фақат барои ташаккулу такмили ҷомеа фаъолият мебаранд ва дар корҳои давлатдорӣ ҳиссаи худро гузошта, ормонҳои мардумро бо барномаҳои созандаи хеш амалӣ менамоянд.

Дар ин радиф ТЭТ ҲНИ бошад як маротиба солҳои 1991-1992, маротибаи дуюм моҳи сентябри соли 2015 ва маротибаи сеюм соли 2018 даст ба куштор зада, қотил будани худро исбот карданд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳеҷ вақт фирефтаи суханони сагҳои наҳзатӣ, ки аз дуриҳо туҳматҳои беасос ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон мезананд намешавад ва нахоҳад шуд. Гӯруҳҳое, ки имрӯз дар хориҷи кишвар кору фаъолият мекунанд хиёнат ба Ватан, ба модар карда истодаанд. Мардуми хурду бузурги Тоҷикистон ин палидҳои нохалафро маҳкум мекунанд. Ин сагҳои палид бояд донанд, ки ҳар як нафаре, ки хиёнат ба Ватан кардааст, даст ба ҷиноят задааст, дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Ҳеҷ як нафар наметавонад, ки бо дасисаву гирдиҳамоиҳо қотилону ҷинояткоронро озод намояд. Шумо огоҳ бошед, ки имрӯз сиёсати дурбинонаю ташаббусҳои Пешвои миллатро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва эътиром менамоянд. Ҳамзамон, истиқлолияти миллиии Тоҷикистонро омӯхта дар давлатдории худашон онро такмил медиҳанд.

Имрӯзҳо ташкилотҳои экстремистию террористиӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар як рӯз аз дасти ин ташкилотҳо даҳҳо ва ҳатто садҳо нафар одамони бегуноҳ кушта ва ё якумра маъюбу маслуқ мешаванд. Имрӯз бошад Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба хотири аз зиндон халос кардани якчанд нафар одамони ҷинояткор, ки даст ба ҷиноят зада дастгир шудаанд гирдиҳамои ташкил карда, онҳоро озод кардан мехоҳанд. Дар эъломияи ҳуқуқи башар омадааст, ки «тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробаранд ва ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд ба якдигар муносибати бародарона дошта бошанд». Аъзоёни ТЭТ ҲНИ бошад ин озоди аз лиҳози шарафу ҳуқуқ ва муносибати бародаронаро барои манфиати худ ҳал карданӣ шуда мехоҳанд, ки ҷинояткоронро аз маҳбас халос намоянд, то ҳатто барои озод кардани ҷинояткорон онҳо давлатҳои Европаро ба он даъват кардаанд, ки онҳо муносибатҳои иқтисодию сиёсии худро аз Тоҷикистон боздоранд.

Ҳеҷ як сухани наҳзатиҳо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ қурб надорад. Шумо наҳзатиҳои қотил тамоми қуввату ғайрат ва саводнокии худро баҳри нотинҷии миллати тоҷик ва паст кардани обрую нуфузи давлату ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона карда истодаед. Аммо бо ин вуҷуд мисли шайтон ҳамеша нокому ноумед ҳастед. Гарчанде, ки шумо худро тоҷик меҳисобед, вале ҳисси бегонапарастӣ ва худхоҳи дар ниҳодатон дида мешавад. Шумо огоҳ бошед, ки ҳеҷ кори шумо беҷавоб намемонад.

Мардуми Тоҷикистон ба оғоз бахшидани чархи аввали НБО-и Роғун, ки бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба бор омад ва нури раҳмонӣ ба хонадони тоҷику тоҷикистонӣ рушноӣ бахшид. Ассосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини роҳбариаш ба мардуми тоҷик роҳбару роҳнамо ва Пешво гардида тамоми корҳояш дар бораи ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ боиси дастгирии тамоми тоҷику тоҷикистонӣ ва сиёсати дохилию хориҷӣ боиси дастгирии аҳли сайёра гардидааст.

 

Г. САЙДАЛИЕВ – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

 

Бознашр аз http://hhdtkhatlon.tj/node/5697

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.