Бо ташаббуси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия курсҳои бозомӯзи барои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони масъули ҲХДТ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» доир гардид.
Дар оғози семинар раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, баргузории чунин курсҳои омӯзиширо дар маҳал зарур арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки он аз манфиат холӣ набуда, барои фаъолияти пурсамари ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, боло бурдани маърифати сиёсии роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ва ба пешрафти кор мусоидат менамояд.
Дар кори семинар намояндагони КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло, Шоҳиён Абдураҳим, Ҳамидиён Илҳомҷон ва раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло иштирок доштанд.
Ҳамчунин бо назардошти соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани соли 2018 дар дориаи курси бозомӯзии роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, ба маърази иштирокдорон гузошта шуд.