Дар хати сарҳадии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, воқеъ дар минтақаи Уштурмуллои Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия биноҳои нави дидбонгоҳи сарҳадии “Фазо” мавриди баҳрабардории Қушунҳои сарҳадии кишвар қарор дода шуд.
Дар маросими баистифодадиҳии биноҳои дидбонгоҳ сафири Амрико дар Тоҷикистон, намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарияти Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ ва раисони ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав иштирок намуда, сарбозон ва афсаронеро, ки дар ин дидбонгоҳ хизмат ва фаъолият мекунанд, ба ин муносибат табрик намуда, арз доштанд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар пайваста нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ғамхорӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат ва будубоши онҳо кӯшишу талош менамояд.
Гуфта мешавад, дидбонгоҳи мазкур дорои тамоми шароити зарурӣ буда, иборат аз бинои асосӣ, ки дар он хонаи алоқа, синфхона, хонаи хизмати маишӣ, ҳуҷраи либоспӯшӣ, ҳаммом, хонаи хизмати сарҳадӣ, хобгоҳ барои 50 нафар, утоқи кории афсарон, ошхона ва ошпазхона иборат мебошад.
Ҳамзамон дар ҳудуди бидбонгоҳ бинои афсарон иборат аз як ҳуҷрагӣ ва ду ҳуҷрагӣ, биноҳои ёрирасон, ҳоҷатхона, гармхона ва майдончаи сафароӣ сохата шудааст.
Иншоотҳои дидбонгоҳ бо харҷи 335 ҳазор доррали амрикоӣ бунёд гардидааст, ки сохтмони он аз тарафи сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ шудааст.