ВОХӮРӢ БО АҲЛИ ЧАМОАТЧИГӢ ДАР 20-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ

Бо мақсади шарҳу эзоҳи мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки санаи 12 майи соли равон баргузор гардида буд, кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як чанд шаҳру навоҳии вилоят сафари корӣ анҷом доданд.

Аз ҷумла Котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрамбек ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят Шарифзода Сафарбек дар толори гимназияи давлатии №2, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.

20181121_142819.jpgДар ин вохӯрӣ роҷеъ тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, бедор сохтани ҳисси миллии насли наврас, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии аҳолӣ, таҳким ва тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бахусус терроризм ва экстремизми сиёсиву динӣ, ки имрӯз на танҳо ба амнияти кишвари алоҳида, балки ба амнияти байналхалқӣ халал ворид намуда истодааст, суханронӣ карда шуд.

Котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрамбек зимни суханронии худ изҳор дошт, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ дода, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуда, сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд додаанд.

Мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилояти Хатлон Шарифзода Сафарбек дар баромади худ қайд намуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳи қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар буда, ҷалби онҳо ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб мебошад.

Ӯ изҳор дошт, ки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Боиси таасуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кўдаконро нодида мегиранд.

Дар идома таъкид намуд, ки яке аз мактабҳое, ки дар баробари оботоби бадан, мактаби мардонагӣ, шуҷоатӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносиро ба ҷавонон меомӯзад, зихмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мебошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.