Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун дар саҳни қасри фарҳанг маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии идона баргузор гардид.
Ҳамзамон сокинони ноҳия бо мақсади ибрози дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоӣ доир намуданд, ки он ба фазои идонаи ноҳия ҳусни зебо ва мутантан зам намуд.
Сокинони ноҳия бо нишони ибрози ҳамдилӣ бо Пешвои миллат ба ин идгоҳи ноҳия бо хотири болида ва табъи идона ташриф оварда, шукргузор аз он мебошанд, ки зери парчами сиёсати дурандешонаи сарвари давлат ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии кишвар ҷомаи амал мерӯшанд.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия Зафар Файзуллозода тамоми сокинони ноҳияро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии Роғун табрику таҳният намуда, оғози тавлиди барқ дар НБО Роғунро амалишавии ормони мардуми шарифи Тоҷикистон ва самараи ваҳдату истиқлол, ки бо талошҳо ва азму иродаи сарвари давлат ба он ноил гардидем, унвон кард.
Раиси ноҳия зимни баромади худ изҳор дошт, ки ба ҳам тавъам омадани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор додани агрегати якуми НБО Роғун бозгӯи он ҳақиқати таърихие мебошанд, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд.
Дар робита ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳия таъкид намуданд, ки таҷлили он ҳамчун иди умумиллӣ бесабаб набуда, нишонаи эътирофи умумихалқии ин шахсияти бузурги таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ – вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул дар чорабинӣ штирок ва суханронӣ намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Президент ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми НБО Роғун табрик намуда, изҳор дошт, ки ба кор даровардани чархаи неругоҳ натиҷаи заҳматҳои сарвари давлат ва халқи кишвар буда, самараи он вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ҳар як хонадони Тоҷикистони азизро беҳтару хубтар менамояд.
Наврӯззода Аслбӣ – директори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон низ тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ин санаи таърихӣ шодбош гуфта, ин рӯзро фаромӯшнашаванда ва муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки дар мисоли мактаби сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бараъло эҳсос менамоем, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи сарвар қодир аст дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣбоиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барои иштирокдорон барномаи рангини консертиро пешкаш намуданд.