НАТИҶАҲОИ ФОСИЛАВИИ ТАТБИҚИ “БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020”

Санаи 14 ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи муҳокимаи ҷамъиятӣ  оид ба натиҷаҳои фосилавии татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020” баргузор гардид.

Дар муҳокима ҷамъиятӣ муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шӯъбаҳо, бахшҳо, раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, воситаҳои ахбори омма, фаъолон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин Ҳамидов Султоншо - сардори раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозиев Камолиддин - сармутахассиси раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимов Хурсандмурод-мушовир оид ба нақшагирии стратегии Барномаи рушди созмони миллали муттаҳид дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Норов Аббос - мушовир оид ба нақшагирии стратегии Барномаи рушди созмони миллали муттаҳид дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

20181114_105716.jpgҶаласаи муҳокимаи ҷамъиятӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020»-ро раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Файзуллозода З.Х. оғоз намуда, дар суханронии худ қайд намуданд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи сархати панҷуми моддаи 5-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» оид ба саривақт баррасӣ намудани раванди татбиқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва баррасӣ намудани дастоварду мушкилиҳои ҷойдошта дар раванди иҷроиши он, баргузор намудани муҳокимаи ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақшаи кории худ ворид намудааст ва имрӯз дар ноҳияи Қубодиён низ чунин чорабинӣ бо иштироки фаъолони ноҳия баргузор мегардад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити  мусоид ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар  ноҳия бо ибтикор ва дастгирии Вазорати  рушди иқтисод  ва  савдои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба такмил додани  механизмҳои  таъминкунандаи  рушди  бемайлони  бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, Барномаи  рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён  барои  солҳои  2016-2020 таҳия  гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №797 тасдиқ карда шудааст.

Барномаи мазкур дар  доираи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”,  Ҳадафҳои  рушди  устувор ва «Стратегияи  Миллии  Рушди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  давраи  то  соли  2030»  сарчашма гирифта,  ҷиҳати дарёфти роҳу  усулҳои  бартараф  кардани  камбудиҳои  ҷойдошта  дар  самти фароҳам  овардани  зиндагии  шоиста  барои  аҳолии  ноҳия  нигаронида шуда, ҳамчун ҳуҷҷати стратегии рушди ноҳияи Қубодиён, афзалият ва самтҳои умумии сиёсати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияро муайян менамояд, ки он барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст.

Бо мақсади рушди босуботи иҷтимоию  иқтисодӣ дар Барнома  масъалаҳои  баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷуда, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист ҳамчун  Ҳадафи асосӣ муқаррар шудаанд.

Арзиши Барномаи рушди ноҳияи  Қубодиёнро маблағи лоиҳаҳои дар он зикргардида муайян  менамояд.  Барномаи  мазкур  103  адад  лоиҳаҳоро  ба маблағи зиёда аз 108 миллион сомонӣ дар бар гирифта, аз он 40 лоиҳа ба маблағи 58 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 41 лоиҳа ба маблағи 35 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 16 лоиҳа ба маблағи 14 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 2 лоиҳа ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқуллодда ба маблағи 1 млн. сомонӣ ва 4 лоиҳа ба маблағи 0,3 млн. сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ тааллуқ дорад.

Барои татбиқи Барномаи рушди ноҳия аз тамоми сарчашмаҳои имконпазири маблағгузорӣ воситаҳои молиявӣ ҷалб ва сафарбар мегарданд. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома: аз ҳисоби  буҷети ҷумҳуриявӣ 59,2 млн. сомонӣ, ё ин ки 54,5 фоиз, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 0,9 млн. сомонӣ, ё ин ки 0,8 фоиз,  аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 3,6 млн. сомонӣ, ё ин ки 3,3 фоиз, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 12,4 млн. сомонӣ, ё ин ки 11,4 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ихтиёрии аҳолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон 9,6 млн. сомонӣ, ё ин ки 8,9 фоиз ва аз ҳисоби маблағҳои худии ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ 22,9 млн. сомонӣ, ё ин ки 21,1 фоизро  дар бар мегирад.

Ба ҳолати 1 ноябри соли 2018 ҳамагӣ 21 лоиҳа ба маблағи 8,6 млн. сомонӣ амалӣ гардида, дар  28 лоиҳаи дигар   корҳо ҷараён дошта, дар маҷмӯъ маблағи умумии он 22,9 млн. сомонӣ, ё ин ки 21 фоиз аз арзиши умумии Барномаро ташкил менамояд.

Тибқи Барнома сохтмони лоиҳаҳои 30 адад иншоотҳои маъмурӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурии Маркази таъминоти бехатарӣ, озуқаворӣ дар ноҳия, Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрав, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Қисми мустақили 49-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти оташнишонӣ, Филиали КВД “Тоҷиксуғурта”, Шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳия, Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Прокуратураи ноҳия, Бахши ҳифзи муҳити зист, Китобхона, Маркази саломатӣ, Қасри варзиш ва Бозори замонавӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ташкилоту муассисаҳои болоӣ  пешбинӣ шудааст.

Айни замон барои сохтмони иншоотҳои маъмурии зикргардида, ҷудо намудани 19,02 га қитъаи замини корами обӣ  вуҷуд дошта, дар ин хусус пешниҳодҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ 14 марти соли 2018, таҳти №24/10-81 ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ  барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №797 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020” оиди иҷрои лоиҳаҳои Барнома ба вазорату ташкилотҳои ҷумҳуриявии масъул то 1 феврали соли 2019 муҳлат додааст.

Бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020” ба тамоми вазорату ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ мактуби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ирсол гардидааст.

Бо  кӯшишу  талоши  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия  дар  ҳамбастагӣ  бо кӯмаки машваратию  методии Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдо,  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии вилояти  Хатлон,  инчунин  дастгирии  молиявӣ  ва  техникии ташкилотҳои  байналмилалӣ,  махсусан  Барномаи  рушди  Созмони Миллали  Муттаҳид дар  Тоҷикистон, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия корҳои ободониву созандагӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар натиҷаи он мо ба як зумра дастовардҳо дар соҳаҳои ҷудогонаи  ҳаёти  ҷомеа  ноил  гардидем.

Дар нуҳ моҳи соли 2018 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 702,5 млн. сомонӣ, ё ин ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  104,6 фоизро ташкил намуда, 30,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ 4,2 млн. сомонӣ, саноат 8,8 млн. сомонӣ  ва дигар соҳаҳо 17,7 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Аҳли заҳмати ноҳия дар соли 2017 ба натиҷаҳои хуби иқтисодӣ ноил гардиданд, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 1 млн. 44 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли 2016 - 8,4 фоиз афзоиш ёфтааст, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ 6,5 фоиз, дар соҳаи саноат 11,6 фоиз ва дигар соҳаҳо 9,7 фоизро ташкил медиҳад.

Барои пайваста зиёд намудани ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди ашёи  хоми  дохилӣ,  бо  молу  маводҳои  зарурӣ  таъмин намудани  талаботи  аҳолии  ноҳия  ва  содироти  он, ташаккул додани унсурҳои рақобатпазирии моли истеҳсолшуда чораҷӯи карда шуда, дар соли 2017 корхонаҳои саноатии ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 91,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати соли 2016 ба маблағи 16,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 20,9 млн. сомонӣ  сармояи асосӣ ҷалб гардида, корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 18,4 млн. сомонӣ, фондҳои асосӣ ба маблағи 17,7 млн. сомонӣ ба кор андохта шуда ва ба маблағи 425 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шудааст, ки нисбати соли 2016 ба маблағи 2 млн. сомонӣ  зиёд буда, ба андозаи 9890 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии хусусӣ  сохта ба истифода дода шудааст.

20181114_105545.jpgБо назардошти банди 28-и Барнома нақшаи генералии ноҳия ба маблағи 200,0 ҳазор сомонӣ аз ҷониби пажӯишгоҳи лоиҳакашии ҶСК  “Шаҳрофар”  аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ба анҷом расонида шуда, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, №501 тасдиқ гардида, тибқи банди 32 сохтмони бинои бисёрошёнагии истиқоматии 48 ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиён  оғоз гардид.

Дар се соли сипаригардида 24 адад иншоотҳои савдо ва маишию хизматрасонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои Барнома аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохтмони биноҳои маркази савдо, клиникаи хусусӣ, чойхона, толори варзишӣ, ҳаммом, маркази хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва гази моеъ айни ҳол дар 12 иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.

Дар ноҳия барои беҳтар намудани ҳолати савдо ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ чораҳои дахлдор андешида шуда, ҳаҷми гардиши савдои чакана дар соли 2017 ба маблағи 96 млн. сомонӣ расид, ки нисбати соли 2016 - 8,2 фоиз афзоиш ёфта,  ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 80,8 млн.  сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 4,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти соҳа, истифодаи самаранокии заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот чораҳои зиёд амалӣ мешаванд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар соҳа дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омода, маданияти зироаткорӣ тадриҷан боло рафта, истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ сол то сол афзоиш ёфта, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2017 ба 719,2 млн. сомонӣ расид, ки назар соли  2013-ум 111 млн сомонӣ, ё ин ки 18,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар  ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 17043 гектар,  ё ин ки 100,2 фоизро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ташкил менамояд.

Дар нуҳ моҳи соли 2018 ба хориҷи кишвар ба миқдори 3810,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот 3623,1 тонна, аз он пиёз 3604,1 тонна, полезӣ 3,7 тонна, мева (зардолу) 40,0 тонна ва дигар маҳсулот 143,8 тонна ба хориҷи кишвар тариқи роҳи оҳани вилояти Суғд содирот карда шудааст, ки ин 100,3 фоизи дурнаморо дар бар мегирад.

Дар  натиҷаи  амалӣ  гаштани  чорабиниҳои  мушаххас  дар  доираи  татбиқи Барномаи  рушди  ноҳия  сол  то  сол  мунтазам  ҷойҳои  кории  нав  таъсис  дода  шуда,  дар  ин  замина  шумораи  бекорон  пайваста  кам  мегардад.

Бинобар ин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занони хонашин ба касбомӯзӣ ва корҳои хонагӣ дар ноҳия  199 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, дар давраи таҳсил бо идрорпулӣ дода шуда, 10  маротиба  ярмаркаи ҷойҳои холӣ  гузаронида, 104 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида,  айни ҳол дар ноҳия  бо ҷалби 644 нафар 103 оила дар хона бо ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсоли молҳои ниёзи мардум  машғул мебошанд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ба ҳолати  1 октябри соли ҷорӣ дар ноҳия 1532 ҷойи кори нави доимӣ, ё 75 фоизи нақша таъсис дода шуд, ки аз ҷумла доимӣ 698, ғайридоимӣ  54, мавсимӣ 553 ва муваққатӣ 227 ҷойи корӣ мебошад.

20181114_105533.jpgБояд қайд намуд, ки бинобар бо ҷойи кор таъмин гаштани аҳолии қобили меҳнат ва афзоиш  ёфтани ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти  умумии ноҳия,  меъёри  музди  миёнаи  меҳнат  низ  афзоиш  ёфта,  музди миёнаи меҳнат дар соли 2017 - 753,54 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли 2016 ба ҳисоби миёна 7,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар  навбати  худ,  боло  рафтани  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳо, таъсис ёфтани ҷойҳои кории нав ба афзоиш  ёфтани  ҳаҷми  пардохти  андозҳо  мусоидат  намуда истодааст.

Дар бахши иҷтимоӣ, яъне соҳаи маорифу тандурустӣ дар доираи амалӣ гаштани Барномаи рушди ноҳия ба як қатор дастовардҳо ноил гардидем.

Бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои Барнома дар соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 барои 324 ҷойи нишаст, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва аҳолӣ 7 синфхонаи иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва 8 сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон сохтмонҳои бинои маъмурии шуъбаи маориф,  мактаб парваришгоҳ, 12 адад синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумии  №20, №26 ва №33 оғоз гардида, илова ба лоиҳаҳои Барнома аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва аҳолӣ тариқи ҳашар 12 синфхонаи иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11,18,19 ва 45 сохта ба истифода дода шуд.

Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1117 адад компютер таъмин мебошанд, ки Барномаи  компютеркунонӣ  103 фоиз иҷро гардида, ҳоло  як компютер ба 15  нафар  рост  омада, шумораи дохилшавӣ ба донишкадаҳои олии кишвар ва хориҷ сол ба сол зиёд шуда, аз 2283 нафар хатмкунанда дар соли хониши 2018-2019  шумораи дохилшавӣ ба донишкадаи Олӣ ба 616  нафар  (27 фоиз аз шумораи умумии хатмкунандагон) расид, ки  нисбати  соли хониши 2017-2018 - 3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар давраи амалигардии Барнома аз ҳисоби Вазорати мариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 дона мизу курси, тахтаи синфи ҷевони китоб, мизу курсӣ барои муаллимон ройгон, инчунин 10  адад тахтаи синфи, 3 адад  ба  тахтаи электронӣ , 3 адад кабинетҳои фаннӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ  ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст.

20181114_114803.jpgҶалби духтарон ба таҳсил пас аз хатми синфи 9 сол то сол беҳтар гардида, дар миқёси ноҳия ба 93,0 фоиз расонида шуда, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 32 адад Маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 918 нафар фаъолият намуда истодааст, ки нисбати соли  2015 - 12 адад зиёд мебошад.

Бо мақсади беҳтаршавии вазъи соҳаи тандурустӣ аз ҳаҷми умумии буҷети маҳаллии ноҳия 20 фоиз маблағҳо  равона гардидааст, ки ин барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дар соҳаи тандурустӣ 4 лоиҳа ба маблағи умумии  зиёда аз 2 млн. сомонӣ амалӣ гардида, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои «Зиракӣ», «Навбаҳор» аз  ҳисоби  сармояи хориҷӣ ва «Ҳаваскор» тариқи ҳашар бо саҳми аҳолӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, аз ҳисоби маблағҳои худии соҳа таҷҳизотҳои нави тиббӣ таъмин карда шудааст.

Ҳамзамон дар асоси созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохтмони беморхонаи марказӣ  барои 250 кат оғоз гардид.

Дар  натиҷаи  андешидани  тадбирҳои  мушаххас  шумораи касалиҳои  сирояткунанда  дар  ноҳия  мунтазам  коҳиш  ёфта,  дар нуҳ моҳи соли 2018 - 222 нафарро ташкил намуд,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  14 нафар кам  шуда, вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия муътадил буда, риояи меъёрҳои санитарию  гигиенӣ ва  зиддиэпидемикӣ  зери назорати доимии  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия қарор дорад.

Ғайр аз ин  шумораи  таваллуд  дар  хона  тамоюли пастравӣ дошта,  дар соли 2016 - 90 нафар,  дар соли 2017 - 86 нафар, ё ин ки  4 нафар кам шуда, 4,4 фоиз  коҳиш ёфта, дар ин замина фавти модарон ва кӯдакон  ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин шумораи муроҷиаткунандагон барои  бистаришавӣ ба беморхонаҳо ҷиҳати беҳтар намудани солимӣ дар соли  2017 ба  12275 нафар расид, ки нисбат ба соли 2015 (13048 нафар) 773 нафар кам мебошад.

Дар робита ба дастовардҳои бахши инфрасохтор  қайд  менамоям,  ки  дар миқёси  ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва аҳолӣ илова ба лоиҳаҳои Барнома аз ҷониби Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия  ба маблағи 1 млн. 93 ҳазор сомонӣ ба масофаи 4,7 км таъмири асосӣ, 52,5 км роҳҳои деҳаҳо шағалпуш шуда, 24 км таъмири ҷории роҳҳо  амалӣ гардида, 4 адад пул аз таъмир бароварда шуда,  корҳо дар ин самт идома дорад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои Барнома роҷеъ  ба  масъалаҳои  барқрасонӣ ҳаминро бояд  зикр  намуд, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ва пешгирӣ намудани садамаҳо дар низоми барқии ноҳия 7 адад трансформаторҳои иқтидори гуногун иловагӣ васл гардида, 3 адад трансформаторҳои пурбор иваз карда шуда, 41 ададпояҳои корношоями симчубҳо, 107 адад ҷудокунакҳои корношоям, 849 адад оиқҳои шикаста, 29,2 км ноқилҳои корношоям иваз карда шуда, 3900 литр равғани трансформатор илова шуда,  бо мақсади равшаннамоии маркази ноҳия бо саҳмгузории шахсони сахофатпеша ва соҳибкорон маблағи 90 ҳазор сомонӣ 110 адад симчубҳо ва 220 адад фурузонакҳои кӯчагӣ насб карда шудаанд.

Бо назардошти нақшаи чорабиниҳои тирамоҳу зимистон аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ҳар сол зиёда аз 36 адад агрегатҳои пойгоҳи обкашӣ, 12 адад иншооти гидротехникӣ, 15 адад иншооти обченкунӣ таъмиру таҷдид гардида, дар натиҷаи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳои дохили  хоҷагиҳо ҳолати мелиоративии 354 гектар замин беҳтар гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

 Ҷиҳати пешбурди корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии 128 банд тасдиқ гардида, сохтмони 101 адад иншоот ба назар гирифта шуда, дар соли равон аз 26 адад иншоот, сохтмони 20 адад иншоот ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша чорабиниҳои мазкур  дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиши ноҳия таъмир ва сохтмонҳои синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, китобхонаҳо, варзишгоҳҳо, марказҳои хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, корхонаи нави саноатӣ ва биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳои ноҳия пешбинӣ карда шуда, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои Барнома мусоидат менамояд.

Дар баробари комёбиҳо дар ин ҷода  камбудиву норасоиҳо ва мушкилиҳо низ ҷой доранд. Маҳз вуҷуд доштани чунин омилҳои манфӣ  боис  гардид,  ки  дар  давоми  қариб се соли сипаришудаи Барномаи рушди  иҷтимою иқтисодии ноҳияи Қубодиён ҳамагӣ ба андозаи 21 фоиз иҷро гардид, ки ин нишондиҳанда хеле ночиз мебошад.

Мавриди зикр аст, ки мушкилиҳои  мавҷудаи  ба рафти иҷроиши Барномаи рушди ноҳия монеаҳо эҷод  намуда, ин пурра  таъмин  набудани  аҳолии  ноҳия  бо  оби  тозаи  ошомидании  аз  нигоҳи санитарӣ безарар, ҷудо  нагардидани  маблағи  зарурӣ  барои  таъмири  пойгоҳҳои  обкашӣ,  ки тавассути онҳо зиёда аз 5,5  ҳазор гектар замин обёрӣ карда мешавад, низоми сусти идоракунии истеҳсолот, ҷорӣ нагардидани унсурҳои муосири маркетинг, таъсири бӯҳрони молиявӣ, коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳо аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ва додани қарзҳо, мавҷуд набудани маркази хизматрасонии техникаи кишоварзӣ, набудани анборҳои махсуси нигоҳдории маҳсулотҳо, сардхонаҳо, нокифоя  будани  воситаҳои  гардони  озоди  молиявии худӣ, (барои васеъ гардонидани  истеҳсолот) ва суст будани ҷалби сармоягузорӣ, ба таври дахлдор таъмин набудан бо  биноҳои  маъмурии  идораҳои  дахлдори  ноҳия, норасогии синфхонаҳои иловагӣ ва боғчаҳои бачагона, аз ҷумла хусусӣ, саривақт  ба  кор  таъмин  нагардидани  шаҳрвандоне, ки курсҳои  кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм мекунанд ва нокифоягии шумораи корхонаҳои саноатии муосир мебошанд.

Бо  назардошти  он,   ки   Барнома  дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида,    аз рӯи тартиби  нави  барномасозӣ, ки бо  ибтикори  Вазорати  рушди  иқтисод  ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  мутахассисони Барномаи Рушди Созмони  Миллали  Муттаҳид ва кӯмаки молиявию техникӣ таҳия  гардидааст,  як  падидани  нав  маҳсуб  ёфта,  хеле  мукаммал  мебошад.

Дар  охири суханронии худ раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода З.Х. барои  иштирокчиёни   ҷаласаи муҳокимаи ҷамъиятии натиҷаҳои фосилавии Барномаи  рушди  иҷтимоию  иқтисодии  ноҳияи Қубодиён  барои солҳои 2016-2020 ташаккур  гуфта,  ба  намояндагони  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони  Миллали  Муттаҳид  барои  ҳамкориҳои  судманд  арзи  сипос намуда, барои муаррифии натиҷаҳои татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» сухан ба Пошоқулов А.  мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дода шуд.

Баъд аз он раиси Ҷамоати деҳоти У.Назаров Юсупов Н., мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Эшов М., менеҷери КАТС-и ноҳия Пулодзода М., сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Тоиров Т.,  мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Авазалиева О., ва мудири бахши меъмори ва шаҳрсозии сармоягузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Давлатзода М. дар музокираҳо иштирок намуда, оид ба дастовардҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта дар татбиқи лоиҳаҳои Барнома суханронӣ намуда, дар раванди иҷроиши он таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Сипас раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам  Файзуллозода З.Х. ба Ҳамидов Султоншо - сардори раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дод ва номбурда дар баромади худ оиди дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» ва дастгирии ҳамаҷонибаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар раванди иҷроиши лоиҳаҳои Барнома изҳори ақида намуд.

Дар охири ҷаласаи муҳокимаи ҷамъиятӣ раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам  Файзуллозода З.Х. қайд намуд, ки барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои Барномаи рушди ноҳияи Қубодиён дар ду соли оянда тадбирҳои иловагӣ андешидан лозим аст.

Вобаста ба ин ҷаласаи муҳокимаи ҷамъиятӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020»  қ а р о р   м е к у н а д:

1.Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки минбаъд дар муҳокимаи ҷамъиятӣ оиди иҷрои натиҷаҳои фосилавии татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» барои иштироки намояндагони  вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриявии масъул мусоидат намоянд.

2.Барои андешидани тадбирҳои зарурӣ  ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №797 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020” оиди иҷрои натиҷаҳои фосилавии татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» мактуби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба вазорату ташкилотҳои ҷумҳуриявии масъул ирсол карда шавад. 

3. Муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шӯъбаҳо, бахшҳо, раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо вазифадор карда шаванд, ки дар ҳамкорӣ бо Шӯрои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои Барномаи рушди ноҳия масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, тадбирҳои иловагӣ андешанд.

4.Муовини соҳавии раиси ноҳия дар ҳамкорӣ бо раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарон, мутахассисони таҷрибадор ва лаёқатманди ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳар нимсола вохӯриҳо баргузор намуда, онҳо аз натиҷаи низоми мониторинг ва арзёбии Барнома ва  мушкилотҳои  мавҷуда  шинос карда шаванд.  

5. Муовини соҳавии раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ (аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ) дар раванди  татбиқи  лоиҳаҳои барнома суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор намуда, ба онҳо ҳамкорӣ ва барои фаъолияти онҳо шароит  мусоид намояд.  

6.Назорати иҷрои супориши протоколи мазкур ба зиммаи муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия гузошта шавад.

 

 Мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи

 ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён                             А. Пошоқулов

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.