АНДАЛЕБ – 2018

Дар толор қасри фарҳанги ноҳия озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Андалеб – 2018” баргузор гардид.

Нахуст дар саҳни қасри фарҳанг бахшида ба ин озмун намоиши ҳунарҳои мардумӣ – муҳсули ҳунарҳои дӯзандагӣ, пӯхтупаз ва дигар асобоби рӯзгор, ки маҳсули ҳунари дастии ҳунармандон мебошанд, ба маърази ҳакамон гузошта шуд.

Сипас дар толор барномаи фарҳангӣ, аз қабили суруди якка, рақси якка, саҳначаҳо, бадеҳа ва дигар намоиши ҳунарии санъати миллӣ пешкаши ҳозирин карда шуд. Намоиши сарулибоси миллӣ барои доираҳои гуногуни истифодаи он, либоси расмӣ, либоси хона, барои ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯдакона, барои арӯсон ва ғайра як қисми озмунро дарбар мегирифт.

Дар фарҷоми озмун ҳайати ҳакамон ба ҳунару санъати ҳунармандони ноҳия баҳои баланд дода, қайд карда шуд, ки айни замон ноҳияи Қубодиён бо ба ба даст овардани 153,5 хол дар сатҳи вилоят дар мақоми дуввум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб – 2018” дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дошта, дар поёни озмун ғолибони сатҳи ҷумҳуриявӣ эълон карда мешаванд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.