ҶАВОНОН ОЯНДАСОЗИ ВАТАНАНД

Ифродгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад. Ва барои рушду тарақиёти ҷомеаву давлат монеъаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Неруи насли наврас аз он хотир тақдирсоз дониста мешавад, ки дар сурати бо адолат истифода шудани ин неру аз тарафи давлат ва ҷамъият он метавонад ба бунёди ормонҳои миллӣ мусоидат намояд.

Дар акси ҳол ҷавононро гурӯҳу ҳизбҳои манфиатхо метавонанд аз онҳо барои мамлакат душмани худиро тайёр намоянд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд бор такрор намудан, ки ҷавонони Тоҷикистон бояд хуб дарк намоянд, ки дар оянда тақдири халқу ватан ба дӯши онҳо гузошта мешавад. Замона аз ҳодисаҳои экстиримизм ва терроризм ба таҳлука афтодааст. Ҷалби ҷавонон ба амалиётҳои зишти зидди озодиҳои инсон ҳамаи давлатҳои соҳибистиқлолро ба ташвиш овардааст. Дар ин кор махсусан нақши ҲНИТ ба ғоят калон шуда истодааст. Ин бозиҳои геосиёсӣ дар майдони динӣ бозҳам аланга гирифт. Динро мехоҳанд бо сиёсат омехта созанд ва дар ин кор асосан ҷавонони роҳгумзада истифода бурда мешаванд.

Аз расонаҳои оммавӣ маълум, ки аъзои ҲНИТ дар давоми солҳои 2010-2015 чил ҷинояти бисёр вазнинро содир кардаанд. Даҳҳо одамони бегуноҳро ба қатл расонида, садҳо ҷавононро аз роҳ задаанд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрели соли 2015 тасдиқ намуд, ки ҲНИТ бо Давлати Исломӣ, ки дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудааст, ҳамкорӣ дорад.

Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабири ва собиқ ҷонишини вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Назарзода бо роҳи ғайриқонунӣ мехостанд, ки ҳокимияти конститутсиониро ғасб намоянд. Барои ин зиёда аз 20 гурӯҳҳои ҷиноятӣ, асосан аз ҳисоби ҷавонон ташкил намуда буданд. Дар ҳар кадом гурӯҳ то 30 нафарӣ аъзо буд. Ҳатто барои пуштибонии онҳо сандуқҳои хайриявӣ ташкил намудаанд. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҲНИТро ҳамчун ташкилоти таррористӣ эълон намуд. Тааҷубовар аст, ки якчанд давлатҳои дунё (ба мисли Эрон) ба онҳо кӯмак мерасонанд. Дар ҳудуди ин давлатҳо таррористон озодона мегарданду фаъолият мекунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯзҳо сафедро аз сиёҳ ҷудо карда метавонанд. Дар ин ҷода ҷавонони мамлакат ҳиссӣ арзанда мегузоранд. Дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид мегарданд ва барои рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии давлат талош менамоянд, ки ман ба ин боварии комил дорам.

 

Имомхатиби Масҷиди ҷомеъи Хоҷа Салими

Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлол Хоҷаев М.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.