Андешаҳо вобаста ба амалиётҳои тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИТ

 

Худованд Мутаъол одам офаридааст ва барои ӯ нерӯе додаст созанда, яъне ободкунанда, яъне ободии ватан ободии ноҳия ободии деҳа ободии кӯча ободии хона пас вақте ки одам ин неруро дар роҳи тахрибкорӣ сарф мекунад, ин хилофи фармудаи Худованд аст.

Худованд дар Қуръон мефармояд:

“Ба ресмони худованд ҳамаги чанг занед ва пароканда нашавед ва ёд оред неъмати Худовандро бар худ онгоҳ ки душмани якдигар будед сипас байни дилҳои шумо улфат афканд пас ба хотири ин неъмат Худованд пас бо ҳамдигар бародар шавед” (Оли Умрон, 101).

Аломати бародарӣ ин дар пайи некӣ расонидан ба бародар бошад, на дар фикри фитнаву фасод.

Аломати асосии Одамият ин дур будан аз шар ва хайрхоҳи омма будан нисбат ба ди­гарон.

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан. (Асирӣ)

Дар ҳақиқат ҳизби ба ном исломии ҲНИТ бозичаи дасти давлатҳои қудратманд гардида, ҳамчун василаи ноором сохтани ҷамъияти орому осудаи Тоҷикистон гардид. Мо агар ба таърих назар андозем мебинем ки сабаби ин бетартибиҳо ва кушторҳо ва муҳоҷир шудани мардуми мусалмони Тоҷикистон ҳамин ҳизби ба ном исломии ҲНИТ буд.

Ин ҳизбу ҳаракатҳоро давлатҳои қудратманд бо ёрии баъзе мусулмонон таъсис дода, онҳоро барои ба вуҷуд овардани низоъу кашмакаш дар байни мусулмонон ва барои пиёда намудани мақсадҳои худ истифода мебаранд. М. Кабирӣ бо ҳизбаш ҲНИТ низ аз ин ҷумла мебошад. Мақсади кулли ҳизбҳои сиёсии динӣ ин харобсозии ҷаҳони исломӣ мебошад, ки намунаҳои онро мо дар тамоми давлатҳои мусалмон нишин мебинем. Мардуми кишвари мо дар давоми таърихи дарози худ пайрави мазҳаби ҳанафӣ буданд, ки мазҳаби мӯътадил ва созанда буд. Вале ин ҳизб мехост, ки мардуми мусалмони Тоҷикистонро аз мазҳаби аҷдодии хеш дур сохта ва пайрави равияи шиъа созад. Алҳамдулиллоҳ бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон пеши ин амали онҳо гирифта шуд. Аммо пайравони ин ҳизби ба ном исломии ҲНИТ натанҳо ба ватан, балки ба мазҳаби аҷдодии худ хиёнат кардаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин ҳизб дар фикри ободии ватан ва мусалмонон нест, балки дар фикри ба даст овардани ризоияти хоҷагони хориҷи худ ҳастанд. Амалҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 собит кард, ки ин ҳизб дар байни мардуми мусалмон на тарафдор ва на хайрхоҳ дорад. Ин руйдодҳо собит кард, ки дини ислом ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. Ҳизбсозию ба сиёсат кашидани ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои зишти худ онҳо даст ба ҳамагуна кирдорҳои зишт, ба мисли барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи мусаллаҳона миёни мусулмонон мезананд.

Кирдорҳои имрӯзаи пешвоёни ҲНИТ дар хориҷи кишвар ҳамчун хиёнат ба миллату ватан ва бовару эътиқоди мардум мебошад. Роҳе ки ин роҳбарони моҷароҷӯй пешгирифтаанд, фақат бар зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини исломро коҳиш медиҳад. Аз кирдору рафтори ин ҳизб чунин хулоса бароварда мешавад ки ин ҳизб дар фикри ба даст овардани курсӣ мебошад, на дар фикри ободии мусалмонон. Пас бояд мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои Миллат ҷамъ шуда, дар фикри ободии ватан шавем зеро ки дӯст доштани ватан аз имон аст.

 

Сархатиби масҷиди

ҷомеи марказии н. Қубодиён Қарчиев Зайниддин

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.