ҲАМЗИСТИИ МАСЛИҲАТОМЕЗИ ИНСОНҲО ДАР ҶОМЕА

Алҳамдулилоҳи рабил оламин вал оқибату лил мутақин вассалоту вассалом ало расулиҳи Муҳамаддин ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин .

Худованд мефармоянд: «Ибодат кунед Худоро ва ба У чизеро шарик насозед ва ба падару модар некуӣ кунед ва ба хешу табор ва ятимон ва мискинҳо ва ҳамсояи хеш ва ҳамсояи бегона ва рафиқи паҳлӯят ва ба мусофир ва ба ғуломон» (Сураи Нисо ояти 36)

Дар ин оят Худованд ҳамсояи бегонаро дар баробари ҳамсояи хеш падару модар ва оила қарор додааст.  Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст: «Ҳамеша Ҷабраил маро ба некӣ кардани ҳамсоя тавсия медод ҳатто ин ки гумон бурдам, ки мисли хешу табор ҳамсоя ҳам мерос мебарад».

Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Паёмбари Худо се бор қасам хӯрда гуфтанд, ки имон надорад, гуфта шуд ё Расули Худо кӣ имон надорад?

Гуфт расулуллоҳ: – Накӯкор набошад барои ҳамсояааш»

Дини муқаддаси Ислом барои саодати башар дар дунё ва дар охират як барномаи ҷомеъ ва комил аст, ки ҷанбаъҳо ва ниёзмандиҳои фардӣ, иҷтимоӣ ва руҳии ӯро дар назар дорад ва дар мавриди ҳамсоядорӣ низ роҳнамоиҳои судманде баён кардааст. Яке аз масъалаҳое, ки дини Ислом ба он аҳамияти махсус додааст, масъалаи ҳамзистии маслиҳатомези инсонҳо дар ҷомеа мебошад. Сарчашмаҳои асосии ин дини пок оромиш ва суботи ҷомеаро шарти асосии пешрафт ва тараққии он дониста, тафриқа ва ноамниро боиси аз байн рафтани ҷомеа медонанд. Ба ҳамин хотир, дар Қуръону суннат таъкиди зиёде дар мавриди робитаи некӯ доштани мардум бо ҳамдигар омадааст ва онҳоро аз низоъу тафриқа парҳез додааст. Худованди бузург дар ояти 46 – и сураи Анфол мефармоянд: “Шахсе, ки ҳамсояаш аз бадии ӯ дар амон нест».

«Ва аз Худо ва паёмбараш итоат намоед ва низоу кашмакаши накунед, то суст нашавед ва қудрату шавкати шумо аз байн наравад ва сабр кунед, ки Худованд бо сабркунандагон аст». (сураи Анфол ояти 46).

Ва боз аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки «Шахсе, ки ба охират имон дорад пас бояд ҳамсояашро озор надиҳад».

Мустаҳкам намудани робитаи хешутаборӣ ва ҳамсоягии инсонҳо яке аз омилҳое аст, ки дар барномаҳои тарбиявии Ислом ҳамчун омили устуворкунанда ва суботбахшандаи ҷомеа истифода мешавад. Агар робитаи хешутабории мардум ва низ робитаи ҳамсоягии онҳо хуб бошад, пайванди миёни қишрҳои ҷомеаро маҳкамтар намуда, қудрат ва шавкати онро зиёд мегардонад.

Бинобар ин, дини мубини Ислом мусалмононро ба робитаи имонӣ доштан бо ҳамсоягон дар хона, коргоҳ ва дар тамоми ҳолат даъват мекунад. Худованд дар Қуъони Карим дар бисёре аз маҷмӯаи ҳуқуқи исломии мусалмонон дар баробари якдигар некӣ карданро ба чанд гурӯҳ, аз ҷумла ба ҳамсоягонро амр менамояд ва дар ояти 36 – и сураи Нисо мефармояд:

«Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар ва ба хешон ва ба ятимон ва гадоён ва ҳамсояи наздик ва ҳамсояи дур ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва ғуломони худ накӯкорӣ кунед» (сураи Нисо ояти 36).

Дар тафсири «дур» ва «наздик» дар ояти боло чанд эҳтимол дода шудааст, вале ба назар мерасад, ки мақсад дурӣ ва наздикии макон бошад. Калимаи ҳамсоя аслан дар урфи омиёна мафҳуми маҳдуде дорад, яъне танҳо ҳамсояи наздикро дар бар мегирад.

Дар мавриди ин ки ҳамсояи наздик ва дур кадом аст, инчунин гуфта шудааст, ки мувофиқи баъзе ривоятҳо то чиҳил хона аз чор тараф ҳамсоя ба ҳисоб меравад. Ҳар хонае, ки ба хонаи мо наздиктар бошад ҳамсояи наздик ва ҳар кадом дуртар бошад ҳамсояи дур ба ҳисоб меравад.

Албатта маънои ҳамсояи наздик дар ояти мазкур метавонад ҳамсояи мусалмон ва ҳамсояи дур ҳамсояи ғайри мусалмон бошад.

Ва охиру даъвоно анилҳадуллилоҳи раббил оламин.

 

Имоми масҷиди ҷомеъи ба номи Имоми Раббонӣ            

Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин н. Қубодиён

Комилов А.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.