НАТИҶАГИРӢ ВА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲО ДАР НӮҲ МОҲ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли равон таҳти раёсати раиси ноҳия Зафар Файзуллозода баргузор гардид.

0-02-02-626e4f908421c28ed455c4d61ec0d861d34d7c6ef388bfd4b320bbb82f30b078_54a070bb.jpgДар кори маҷлис муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари давтгоҳи раиси ноҳия, мулирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ,директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибон иштирок намуданд.

Оид ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар ин давра ҳисоботи ҳисоботи муовини раиси ноҳия Тоҷиев А. шунида шуд.

Сипас раиси ноҳия бо назардошти ҳисоботи ироашуда, аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва шахсони масъул вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи онҳо ва фаъолияти минбаъда супоришҳои дахлдор дода шуд.

Ҳамчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Қодиров Ҳ. зимни суханронӣ назари худро оид ба фаъолияти соҳаҳаои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия баён дошта, бобати пурзӯр намудани фаъолят супоришҳо дода шуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.